Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
29 May 2025
Submitted by Admin
66

Дарси навбатии курсҳои сиёсии Зан Сарвар 29 майи 2025 дар Осорхонаи Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара баргузор гардид. Иштирокчиён аз Осорхонаи Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара дидан карда аз ҳар як қадами пуршарраф ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон огоҳ гардиданд.

Воқеан корнамоиҳои ин шахсияти таърихӣ, ки барои эҳё ва пойдории миллати тоҷик нақши ҳалкунанда дорад, таассуроти зиёде ба бонувон дошта, онҳо таҷриба ва корномаи Пешвои миллатро бо ҷиддияту бодиққат омӯхтанд. Дар Осорхона давраҳои муҳимтарини ташаккул ва такомули Пешвои миллат пай дар пай, нақши мондагорашон дар ҳалли мушкилоти миллат аз давраи оғози сохтори давлати соҳибистиқлол то имрӯз, намунаи меҳру муҳаббати фарзанд ба модар, падар ба фарзандон, давраҳои таърихии рушду нумуи Тоҷикистони азиз бо як маҳорат ва сатҳи баланди коршиносӣ ба маъраз гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар кори конференсия занону духтарони фаъоли ноҳияи Данғара иштирок намуда, дар мавзӯи саҳми занон дар рушди илми тоҷик, аҳамияти фаъолияти иҷтимоии бонувон дар рушди давлату ҷомеа баромад намуданд. Дар чорабинии мазкур Сурайе Шарифзода, Нигора Аминзода, Тағоева Хатича Эркаевна- декани факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Данғара гузоришҳои илмӣ ироа намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО