03 May 2025
Submitted by Admin
13

Гурӯҳи "Зан Сарвар" дарси навбатии худро дар Осорхонаи мардумшиносии АМИТ баргузор намуд. Ҳозирин аз таърихи пурғановати миллати тоҷик баҳравар гардида, дар толорҳои осорхона аз тарзи пушидан ва омода кардани либос, ҷиҳози рӯзгор, ашёи маишӣ ва маърифативу истеҳсолӣ дидан карданд.

Бояд гуфт, ки диққати ҳозиринро зебу зиннати занона, нақшу нигори миллӣ, ашёи сершуморе, ки бо нақшу нигор ва маҳорати бемислаш аз тӯли қарнҳо ба мо расидааст, ҷалб кард.

Иштирокчиён аз меҳнати зебоиофари аҷдодон огоҳ гардида, аз маҳорати офарандагӣ, заковату донише, ки ба самти беҳтару ободтар намудани ҳаёт равона шудааст, дар ҳайрат буданд.

Нақшу нигори сермазмуни гулдӯзиву зардевориҳо, куртаву миёнбанди гулдӯзӣ, зардузиву кулолгариву мисгарӣ, ки касби ниёгони мо будааст, манбаи илҳоми ҳозирин гардида, онҳо азм карданд, ки барои мондагории ин мероси таърихӣ саҳми худро мегузоранд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО