08 Sep 2026
Submitted by Admin
48

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илм!

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик неъмати бузург ва арзиши муқаддасу сарнавиштсоз ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати Истиқлолият миллати тоҷик имкони таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифзи забону ҳувияти миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди сиёсиву иқтисодию иҷтимоии кишварро ба даст овард.

Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори давлатсозӣ ва рушди устуворро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибэътимод ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ мавқеи арзандаи худро пайдо намуд.

Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи устувори пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф, ба шумор меравад. Дар ин раванд соҳаи илм ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими рушди давлат ва ҷомеа нақши калидӣ дорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба рушди илм, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, дастгирии олимону муҳаққиқон ва омодасозии кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии илмии кишвар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, таҳияи таҳқиқоти бунёдиву амалӣ ва мусоидат ба рушди устувори мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

Дар ин замина, олимону донишмандони тоҷикро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида таҳқиқоти илмиро боз ҳам тақвият бахшида, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, рушди технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, энергетика, тиб, кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок саҳми бештар гузоранд.

Истиқлолият масъулияти бузургро низ тақозо менамояд. Ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус зиёиёну аҳли илм, бояд бо дарки баланди масъулияти миллӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи кишвар бо ифтихор назар намуда, бо эҳсоси масъулияти бештар барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон талош намоем. Боварии комил дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ барои ободии Ватан, таҳкими сулҳу субот ва рушди босуботи кишвар саҳми созандаи худро хоҳанд гузошт.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, бори дигар тамоми мардуми Тоҷикистон, олимону донишмандон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва аҳли зиёро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, файзу баракат, рӯзгори обод ва ба кишвари маҳбубамон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Истиқлолияти давлатӣ поянда ва Ватани азизамон ҳамеша ободу сарсабз бод!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО