23 Apr 2024
Submitted by Admin
72

15 апрел зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ— бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951—1954), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Моҳи апрелро дар Ҷумҳурӣ моҳи Айнӣ мегӯянд. Дар ин моҳ дар тамоми муассисаҳои илмию адабӣ ва фарҳангии кишвар семинару конференсияҳо ба хотири бузургдошти шахсияти устод Айнӣ баргузор мешавад.

Бад-ин муносибат имрӯз (23.04.2024) бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури аъзои Раёсати Академия, адабиётшиносон, забоншиносон ва айнишиносони ҷумҳурӣ конференсияи илмӣ ба муносибати 146-умин солгарди устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Конференсияро директори Институт, доктори илми филология, профессор Фарангис Шарифзода ифтитоҳ намуда, дар бораи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти устод Айнӣ маълумоти муҳим пешкаши ҳозирин кард.

Сипас дар ҷараёни кори конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар мазуи “Ҷойгоҳи тоҷик ва Тоҷикистон дар осори устод Айнӣ”, Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти АМИТ дар мавзуи “Устод С.Айнӣ ва худшиносии миллӣ”, Назарзода С. доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар мавзуи “Нақши устод Айнӣ дар ташаккули имлои забони тоҷикӣ”, профессор Аъламхон Кӯчаров, узви вобастаи АМИТ, устоди ДМТ дар мавзӯи “Дунявият дар осори устод Айнӣ”, Аскар Ҳаким, доктори илми филология, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар мавзуи “Муҳтаво ва вижагиҳои ҳунарӣ дар ғазалҳои устод Айнӣ ва Лоҳутӣ” суханронӣ карда, ба таври муфассал хидматҳои устод дар рушди илму адабиёт ва фарҳанги тоҷикро бо далелу санади муътабар баён карданд.

Дар поёни конференсияи илмӣ маросими рӯнамоии чаҳор китоби нав, ки бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба муносибати 146-солагии устод Садриддин Айнӣ ба нашр расидаанд баргузор гардид.

Китобҳои мазкур иборатанд аз:

1. Айнӣ, С. Мактубҳо. – Душанбе: “Дониш”, 2024. – 720 саҳ;

2. Айнӣ, С. “Мир Алишер Навоӣ”. – Душанбе: “Дониш”, 2024.—275 саҳ;

3. Абдухолиқ Набавӣ “Нигоҳи дигар ба рӯзгору осори устод Садриддин Айнӣ”. – Душанбе: “Дониш”, 2024. – 380 саҳ.

3. Саидзода, Ҷ. Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст. – Душанбе: “Дониш”, 2024. – 416 саҳ.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО