Error message

Notice: Undefined variable: layout_width در include() (خط 18 از /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
14 Nov 2023
Submitted by Admin
151

Имрӯз дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат”-и Раёсати АМИТ бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон-мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик” баргузор гардид. Конференсияро бо сухани ифтитоҳии ноиби Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз оғоз намуда, сипас директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Шарифзода Фарангис ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар ҷараёни конференсияи илмӣ узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин Назарзода дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳангнигории тоҷик”, ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон-мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик”, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои филологӣ Султон Ҳасан Баротзода дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ” суханронӣ карда, доир ба масъалаҳои мубрами фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуданд. Дар анҷоми конференсия шоири маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким шеъри “Номаи фахру сипос”-ро, ки ба Сарвари давлат бахшида шудааст, қироат намуда, табъи ширкаткунандагони конференсияро шод намуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО