05 May 2025
Submitted by Admin
19

Тасаввур намекардам рӯзе фаро расад, ки хонаи Мирзо Турсунзода, шоир, нависанда ва сиёсатмадори маъруфи Тоҷикистонро бубинам ва он ҷо бо шоирон, фарҳангиён ва ҳунармандони тоҷик суҳбат кунам.

Дӯстам Беҳрӯз Забеҳулло рӯзи панҷшанбе ба ман паём фиристод, ки рӯзи ҷумъа 2-уми май рӯзи гиромидошти Мирзо Турсунзода аст ва аз тарафи ман даъват ҳастӣ, соати 9-и субҳ ба дафтари ман биё ва якҷо меравем. Ҳақиқат ин аст, ки аз шодии зиёд интизори фардо будам, ки ҳарчи зудтар фаро расад ва равам. Субҳи барвақт бо ҳамсарам Уронус ба шаҳри Душанбе рафтем ва аз боғи миёни кӯчаи Рӯдакӣ пиёда ба сӯи дафтари ҷаноби Беҳрӯз равона шудем. Ҳавои баҳории шаҳри Душанбе бисёр гуворо ва фараҳбахш буд. Занон дар боғ гул мешинонданд, ман ва Уронус худро хушбахт эҳсос мекардем ва шодиро дар чеҳраи Уронус эҳсос менамудам. Ба назди Академияи илмҳо расидем ва паси дарвозаи дафтари устод Беҳрӯз Забеҳулло рафтем. Тақ-тақ задем, худаш дарвозаро боз кард ва бо табассум гуфт: «Ба мавқеъ омадед!». Котиби устод қаҳва овард, нӯшидем ва бо ҷаноби Беҳрӯз ва чанд устоди дигар ба сӯи Осорхонаи устод Мирзо Турсунзода равона шудем. Масофа дур буд, бо таксӣ рафтем.

Ҳамин ки ба назди дарвозаи осорхона расидем, хонуме бисёр хушсухан ва меҳрубон аз мо истиқбол карду гуфт ин хонаи устод Мирзо Турсунзода аст, ки пас аз даргузашташ ба осорхонаи ӯ табдил ёфтааст. Ҳавлие нисбатан калону зебо буд ва дар миёнаи он мизу чанд курсӣ барои нишастан қарор дошт, ки ба он «шоҳнишин» мегуфтанд. Мо ба маҷмуае аз утоқҳо дар тарафи дарвозаи ҳавлӣ роҳнамоӣ шудем, ки утоқҳо аз чор тараф роҳ доштанд. Хонум Моҳшариф Табарова-роҳнамо гуфт, дар замони зиндагии Мирзо Турсунзода, ин чор дар чор вазифаҳои гуногун доштанд ва дарвозаҳои вуруди аъзои хонавода, меҳмонон, меҳмонони махсус ва ғ. фарқ мекарданд. Аввал утоқи кори устод Турсунзодаро дидем. Дар он утоқ мизи кории устод, қаламаш бо як чароғи мизӣ, бо муҷассамае аз кабӯтар ва муҷассамаи Пушкин – шоири рус ва чанд дастнависаш рӯи миз қарор доштанд. Хонум роҳнамо гуфт, устод Турсунзода аз ҷонибдорони сулҳи ҷаҳонӣ буд ва муҷассамаи кабӯтар рамзи сулҳ аст. Аз маҷмуаи утоқҳо берун шудем ва ба бахши адабӣ ва фарҳангии осорхона рафтем. Дар он бахш туҳфаҳое буданд, ки нависандагону сиёсатмадорони ҷаҳон ба устод эҳдо карда буданд ва аксҳояш аз давраҳои гуногуни зиндагӣ бо аъзои хонавода ва шахсиятҳо аз тамоми ҷаҳон буданд, ки дар сафарҳо ва дидорҳои расмӣ, ғайрирасмӣ ва байналмилалӣ гирифта шудаанд. Хонум роҳнамо гуфт, шуморе аз шахсоне, ки дар аксҳо ҳастанд, ҳувиятишон маълум нест, зеро пушти аксҳо номҳо навишта нашудааст.

Утоқи нишаст, ошхона ва утоқи хоби устод низ дар маҷмуаи утоқҳои даромадгоҳи ҳавлӣ буд ва то ҳол кати хобаш мавҷуд буд ва болопӯш ва тӯшаке, ки истифода мекард, дар гӯшае аз утоқ бо як матои суннатии гулдӯзида печонида шуда буд. Дидани ашёи навиштан, мутолиа ва шахсии устод, фазои носталгияро ба вуҷуд оварда буд ва эҳсос мекардам, ки руҳи устод бо мо дар утоқҳо қадам мезанад ва имрӯз адабиёт ва фарҳанги тоҷикро бо замони худаш ва бо гузаштаи дур — замони Рӯдакӣ — пайванд медиҳад.

Ҳақиқат ин аст, ки шахсиятҳои бузурге мисли Мирзо Турсунзода нуқтаҳои пайванди адабиёт ва фарҳанги як ҷомеа дар замонҳои гуногун ҳастанд ва замонҳои мухталифи фарҳангии як ҷомеаро бо ҳузури адабӣ, фарҳангӣ ва пурмаънои худ мепайванданд ва наслҳои баъдӣ ба шарофати фаъолиятҳои фарҳангии чунин шахсиятҳо, кулли таърихи фарҳангӣ ва адабии ҷомеаи худро мешиносанд ва дарк мекунанд.

Вақте ки аз утоқи бахши фарҳангӣ баромадем, пеш аз он ки ба толор ворид шавем, хонуми роҳнамо ба дарахти ангур ва дарахти чормағз ишора кард ва гуфт: «Аз ниҳолҳои шинондаи худи устод Турсунзода ҳастанд». Ҳама ба толоре нисбатан калон ворид шудем, ки дар охири ҳавлӣ қарор дошт. Муҷассамае аз устод Турсунзода дар сари толор буд. Акси Ҷаноби Олӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи девори ақибии толор насб шуда буд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон унвони Қаҳрамони Миллии Тоҷикистонро ба устод Мирзо Турсунзода эҳдо кардааст.

Суханварон дар бораи устод Мирзо Турсунзода ҳарф заданд, донишҷӯён шеъри ӯро хонданд ва ҳама ёди устодро гиромӣ доштанд. Устод Беҳрӯз Забеҳулло меҳрубонӣ карда, маро ба меҳмонон муаррифӣ намуд ва ба ман иззат бахшид. Мизбони барнома ба ман низ имкони суханронӣ дод, ба руҳи устод Турсунзода дуо фиристодам ва ба меҳмонон эҳтиром баён кардам.

Масъули осорхона Амирхуҷа Абдураҳимов марде меҳрубон буд. Бо он ки синну соле аз ӯ гузашта буд, вале пурэнергия, хушсухан, сархуш ва аҳли қиссаву сухан буд, ки рафтораш маро зери таъсир қарор дод.

Муҳтарам профессор Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва устод Ориёнфар ва устод Бежанпур дар поёни барнома расиданд ва ҳангоми зиёфат дар сари мизи шоҳона дар миёни ҳавлӣ нишастем ва суҳбат кардем. Устод Бижанпур калимаи «Шкай»-ро мухтасари «Шоҳ кай» гуфт ва қисмате аз мардуми ҷаҳонро дар кишварҳои дунё ҳамтабори худ медонист, ки аз Дарвози Бадахшон ба қисматҳои ҷаҳон рафтаанд. Ман ва устод Ориёнфар суханони устод Бежанпурро ба шӯхӣ қабул мекардем, вале устод Бежанпур ҷиддӣ сухан мегуфт ва мутмаин буд.

Хонум Фарангис Шарифзода аз ҳамбастагии фарҳангии кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҳарф зад ва бисёр ба мо — афғонистониҳо — меҳрубонӣ кард.

Устод профессор Шамсиддин Муҳаммадиро низ дар рӯзи ёдбуди Мирзо Турсунзода дидам. Устодро солҳо пеш бори аввал дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Теҳрон дида будам, ба устод он дидорро ёдоварӣ кардам. Устод гуфт: «Чанд рӯз пеш рақами телефони туро мекофтам, ки дар конфронси байналмилалии Фирдавсӣ суханронӣ мекардӣ, вале аз чанд афғонистонӣ пурсидам, рақаматро надоданд ва гуфтанд, ки аз Тоҷикистон рафтааст».

Дар рӯзи ёдбуди устод Мирзо Турсунзода, устодони донишгоҳ, шахсиятҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва донишҷӯён дар осорхона ҳузур доштанд ва барои ман фурсати хубе буд, зеро бо устодон ва шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ шинос шудам. Ёдам намеравад, вақте ки дар ҳавлӣ дар шоҳона нишаста будем, борон омад, шаршараи борон фазоро бисёр зебо ва тамошобоб кард. Мизбони осорхона меҳмононро ба сари хони идона даъват кард.

Профессор Фарангис Шарифзода аз ҷаноби Беҳрӯз хоҳиш кард, ба афроде ки дар мизи мо нишаста буданд, хушомад гӯяд. Ӯ хитобаи зебое ироа кард, ки маро ба ёди китоби «Меҳмонии Афлотун» андохт, ки Агафон, Суқрот ва шуморе аз шахсиятҳои фарҳангии Афинаро даъват карда буд ва ҳар кас дар он маҳфил хитобае дар бораи Худои ишқ ироа кард.

Дар рӯзи ёдбуди устод Мирзо Турсунзода, зери таъсири меҳмоннавозӣ, расми таъоруф ва рафтори эҳтиромомези тоҷикон ва эҳтироми онҳо ба шахсиятҳои фарҳангиашон қарор гирифтам ва ин барнома барои ман омӯзанда буд.

Яъқуби Ясно,

муҳаққиқ ва адабиётшинос

Душанбе, 4 майи 2025

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО