Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
07 Mar 2024
Submitted by Admin
204

Бахшида ба 8- уми март Рӯзи модар ва фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни дастархони таъомҳои миллӣ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур бонувони иститутҳои забон ва адабиёт, институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, кафедраи забонҳои хориҷӣ, Институти Осиё ва Аврупо ва хонуми ядроӣ дастархони таъомҳои миллӣ ороста дар озмун иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории озмуни мазкур бо мақсади эҳё намудани хурокҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги рӯзгордорӣ роҳандозӣ гардида, дар озмун духтарони академия беҳтарин хурокҳои миллии дастпухтро омода намуда, аз рӯи номинатсияҳои зерин: муаррифии таъом гуруҳи якум, барои таъми беҳтарини таъом гуруҳи дуюм, маҳорати касбӣ гуруҳи сеюм, аслияти беҳтарини таъом гуруҳи чорум, ороиши беҳтарин гуруҳи панҷум бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО