30 Oct 2026
Submitted by Admin
3

абони илмро дар самти улуми инсонӣ дар Тоҷикистон академик Абдулғанӣ Мирзоев бо навиштаҳои арзишманди илмӣ-интиқодии худ асос гузошт ва ӯро ҳамчун бунёдгузори забони илм эътироф кард. Асарҳои ӯ аз замони навиштанашон то кунун аҳаммияти илмии худро ҳифз кардаанд ва ба масобаи таълифоти марҷаъ дар муомилаи илмӣ қарор доранд ва ин вежагӣ ӯро ҳамчун донишманди истисноӣ, варзида ва мунҳасир ба фард муаррифӣ намуд ва месазад мавсуфро аз мафохири илми адабиётшиносии тоҷик баршумурд.

Донишмандони дигаре чун Расул Ҳодизода, Аълохон Афсаҳзод, Худоӣ Шариф ва Абдунабӣ Сатторзода дар таҳқиқи адабиёти мумтози форсии тоҷикӣ натанҳо аз ҷумлаи шогирдони рашиди ӯянд, балки бо нигоштаҳои дақиқ ва бунёдии худ соҳибсабку соҳибмактаб низ мебошанд.

Аммо дар ин миён фаъолияти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мустасност. Ӯ муҳаққиқи адабиёти муосир буда, дар заминаи насри имрӯзӣ, хусусан асарҳои устод Садриддин Айнӣ, шеъри нави тоҷикӣ, нақди адабӣ, фарҳангнигорӣ, ҳусни баён ва осори шифоҳӣ як силсила таҳқиқоти арзишманд анҷом дод, ки дар илми филологияи тоҷик саҳифаи тоза аст. Як хусусияти фарқкунандаи таълифоти ӯ ба корбасти гузинаҳои равиши таҳқиқи навини илмӣ марбут аст, ки дар такомулу ташаккули илми адабиётшиносии муосири тоҷик нақши бориз ва ҷойгоҳи шомих дорад.

Ибтикороти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ, ба андешаи мо, дар ин аст, ки ӯ бо такя ба равишҳои муосири илми русӣ равияи нави шинохти ҳунарии адабиётро поягузорӣ кард. Баррасиҳои илмии ӯ дақиқ, мустанад, амиқ, фарох ва серпаҳлӯ буда, дар асоси муқобалаву муқояса, масъалагузориҳои нави илмӣ ва ҳаллу фасли онҳо сурат гирифта, ҳадафи муайян доранд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бо жарфнигарии вежа паҳлӯҳои масъалаҳои асосӣ, ҷиҳатҳои хосу мусбати осори адабӣ ва абъоди нави тасвири бадеиро якҷо бо равандҳои нави адабӣ ба таври консептуалӣ мавриди таҳқиқ қарор дод, ки на танҳо мушкилаҳои норавшани онҳо муайян ё дақиқан мушаххас шуданд, балки барои ошкор шудани мухтассоти ин ё он паҳлӯи нигоштаҳои адибони тоҷик умуман ё таърихи адабиёти муосири тоҷик ва шинохти онҳо хусусан аҳаммияти фавқулода илмӣ доранд.

Ӯ аз нахустин пешоҳангони илм буд, ки масъалаи таҷдиди назарро оид ба ошкор сохтани масъалаҳои таърихи адабиёти нави тоҷикӣ ба миён гузошт ва ба ҳалли онҳо талош кард. Масалан, барои фаро гирифтани тамоми осори устод Садриддин Айнӣ 17 китоб ва садҳо мақола навишт ва ҳамчун айнишиноси тирози аввал ном баровард. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иосиф Брагинский дар мақолаи “Олим ва одам” фаъолияти илмии устод Муҳаммадҷон Шакуриро ба таври ҳаққонӣ арзёбӣ кардааст: “Хеле муҳим аст, ки муаллиф.... чун як олими айнинажод баҳри тозагии забони дар асл басо зулол муборизаи беамон мебарад.

Маҳз дар таълифоти ӯ натанҳо асарҳои муҳимми донишмандони дохилӣ, балки таълифоти айнишиносони машҳури хориҷӣ бори аввал мавриди таҳқиқ қарор гирифта, мазоё ва фазоили онҳо ошкор шуданд. Аз миёни айнишиносони ватанӣ танҳо ба ӯ муяссар шудааст, ки дар баробари баррасии арзиши илмии осори устод Айнӣ бисёр нуктасанҷона, саррофона ва муҳимтар аз ҳама боназокатона айбу нақси онҳоро муайян кунад ва ба ин васила меъёрҳои нави консепсияи назариёти адабии таърихи адабиёти муосири тоҷикиро бо навгӯӣ, навҷӯӣ ва навназарӣ мушаххас созад, ки равиши бунёдниҳодаи ӯ дар таҳқиқи адабиёти муосир имрӯз низ ба кор гирифта мешавад. Чунонки дар “Зиндагиномаи худнавишт” дар ин хусус менависад: “Масъалаи анъана ва навоварӣ, вежагиҳои миллии насри реалистии тоҷикӣ, бахусус ба муносибати оғоз ёфтани омодагӣ барои таълифи “Таърихи адабиёти шӯравии тоҷикӣ. Инкишофи жанрҳо” аҳаммият пайдо кард. Ин омодагӣ аз солҳои шаст сар шуд. Профессор И.С. Брагинский (ки ҳамчунон дар Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ буд) ва банда сардори кор таъйин шудем. Банда бо ҳамкории И С. Брагинский усули илмӣ ва асосҳои назарии ин “Таърих”-ро муайян кардам ва рӯи коғаз овардам” [6, 18]. Қарор шуд, ки ин “Таърих” дар шаш ҷилд навишта шавад ва солҳои баъд чаҳор ҷилди он бар пояи таҳаввули жанру сабк таълиф ёфта буд, аз чоп баромад ва дар муҳити илмии вақти шӯравӣ ҳамчун намунаи тозаи таърихи адабиётнависӣ эътироф гардид. “Муҳимтарин ҷустуҷӯҳо ва таҳқиқоте, ки дар заминаи адабиёти муосири тоҷикӣ, - менависад профессор Абдунабӣ Сатторзода, - аз оғоз то ба имрӯз ба анҷом расидаанд, ё бо иштирок ва ҳамкории ӯ, ё бо маслиҳату машварати ӯ, ё бо ибтикори ӯ ва ё бо роҳбарии ӯ ба вуҷуд омадаанд” [4, 68].

Равиши илмие, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар рисолаи арзишманд ва бунёдии “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ” пеш гирифтааст, бо баҳраҷӯӣ аз меъёрҳои муосири илмии русӣ буда, дар илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷикӣ бо диди тоза, умқи таҳлил, мулоҳизаҳои дақиқ ва хулосаҳои назарии куллӣ амалӣ шуданд, ки ӯро дар як муддати кӯтоҳ дар миқёси собиқ шӯравӣ ҳамчун донишманди мумтоз машҳур сохт.

Равиши таҳқиқи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, чӣ тавре ки дар таълифи рисолаҳои илмӣ маъмул аст, асосан аз ду ҷанба иборат мебошад: якум, гузоштани масъалаҳои илмӣ ва дуюм, ҳаллу фасли онҳо. Ӯ дар ҳама якнавиштаҳои худ, бавежа дар рисолаи “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ” саъй ба он доштааст, ки бо ҷустуҷӯ ва ковишҳои мудовиму пайгирона , таҳлилу баррасӣ ва муқоясаву муқобала фарзияҳои пешгузоштаашро бо далоили муътамад, мадорики қотеъ ва асноду бароҳин ҳамчун факти воқеӣ ба субут расонад, сирри муваффақияти ӯ, пеш аз ҳама, дар ҳаллу фасл ва бозкушоии масъалаҳои илмӣ мебошад. Дар ин гуна навиштаҳо ӯ аз обу ранг додани суханаш амдан парҳез мекунад, то ҳадафаш муътамаду мушаххас бошад.

Мазияти усулии рисолаи “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ”, ба назари мо, дар ду нукта нуҳуфтааст: нахуст, муаллиф тавонистааст ҳунари чеҳранигории устод Айниро кашф кунад ва онҳоро бо таҳлилу баррасиҳои амиқ бозкушоӣ намояд; дувум маҳорати нависандагии устод Айниро дар раванди умумии адабиёт, хусусан адабиёти шӯравӣ арзёбӣ намояд.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар таҳқиқи материали ёддоштии устод Айнӣ ду роҳро мувофиқ донистааст, ки ҷолиб ва дуруст мебошад: “Роҳи якум аз ин иборат аст, ки шахсу воқеаҳои муҳимме, ки худи нависанда дар ҳаёт дида буд, дар баъзе асарҳои бадеии ӯ чун яке аз образҳо ва чун эпизоде тасвир шудаанд. Ин гуна образу эпизодҳо дар “Ҷаллодони Бухоро” (1920), “Дохунда” (1930), “Ғуломон” (1934) ва “Ятим” (1939) бисёр ҳастанд. Дар “Марги судхӯр” (1937) худи нависанда, ҳатто чун яке аз қаҳрамонҳои асосӣ аз аввал то охири воқеаҳо иштирок намудааст.

Вале дар айни замон он асарҳо асари ёддоштӣ ё повесту романи тарҷумаиҳолӣ нестанд, балки фактҳои воқеӣ дар онҳо гоҳ бисёр ва гоҳе камтар чун материали муҳимме хидмат кардаанд.

Роҳи дуюми аз тарафи Айнӣ истифода шудани саргузаштҳои ӯ навиштани ҳикоя ва очеркҳои тарҷумаиҳолӣ буд. Ин гуна асарҳои вай ҳам аз солҳои 1920 сар карда ба майдони адабиёт омадаанд. Аввалини онҳо ҳикояи “Аҳмади девбанд” буд, ки дар соли 1928 дар журнали “Раҳбари дониш” (№8-9, 11-12) чоп шудааст. Ҳарчанд ки қаҳрамони ин асар Аҳмад ном дорад, вале мо ҳоло аз «Ёддоштҳо” медонем, ки нависанда ин ҷо яке саргузаштҳои аҷиби худро ҳикоя кардааст. Дар соли 1935 асари дигари тарҷумаҳолии Айнӣ “Мактаби куҳна” ба чоп расид, ки имрӯз дар байни оммаи хонандагони тоҷик шуҳрати калон дорад” [6,9].

Аҳаммияти дигари нигоштаҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар аксари рисолаҳояш, аз ҷумла “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ” ин аст, ки дар онҳо мулоҳизаҳои шахсии муаллиф ҳамеша ба мушоҳида мерасанд ва муҳимтар аз ҳама фикри ҷамъбастӣ, тавре ки маъмул аст, хулосаҳои назарӣ доранд, ки арзиши навиштаҳои ӯро боло мебаранд. Як мисол меорам: “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам” охири марҳилаи тайёрии Айниро ба навиштани ёддоштҳои муфассал ташкил намуд. Ин тайёрии нависанда аз солҳои 20 сар шуда буд. Вай аввал дар тасвири лаҳзаҳои алоҳидаи ҳаёташ қувваи худро санҷид. Порчаҳои ёддоштӣ дар “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” ва “Материалҳои таърихи инқилоби Бухоро”, “Аз ёддоштҳои инқилоби Бухоро”, “Аҳмади девбанд” ва “Мактаби куҳна” маҳсули ҳамин қувваозмоӣ буд. Баъд вай аз тасвири лаҳзаҳои алоҳида ба тасвири умумии ҳаёташ гузашт. Дар натиҷа “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам” навишта шуд. Танҳо пас аз ин ӯ ба таълифи “Ёддоштҳо”-и муфассали чандҷилда шуруъ кард.

Аз ин гуна тайёрии ҷиддии чандинсола фаҳмидан мумкин аст, ки Айнӣ ба “Ёддоштҳо”-и худ хеле аҳаммияти калон медод” [6, 11].

Чунонки аз ин иқтибос бармеояд, мулоҳизаҳои шахсии муаллиф, ки яке аз ҳадафҳои асосии таълифоти илмӣ ба шумор меравад, ба сунъи қалами Муҳаммадҷон Шакурӣ дахл дорад. Кори илмӣ бояд ҳамин гуна навишта шавад, дорои навгӯию навназарӣ бошад, на мисли баъзе навиштаҳои имрӯз, ки асосан матни айнан нақлшуда ё бознависии корҳои анҷомшудаанд. Забони илм бо дақиқ будани худ, маҳдудаи маъноии муайяну мушаххас будани худ тавофут дорад, ки дар рисолаи мавриди гуфтугӯ ба таври қатъӣ риоят шудааст.

Чунин тарзи бархӯрд ба масъалаҳои илмӣ ба ин донишманди воқеан хориқулода имкон додааст, ки масъалаҳои услуби эпикӣ, лирикӣ ва илмию публистистии “Ёддоштҳо” - ро низ ба доираи таҳқиқ кашида, онро ҳамчун падидаи адабӣ ба мушоҳида бигирад ва ба умқи он бирасад, ҷанбаҳои ноомӯхта ва ё нисбатан камомӯхтаи асари тарҷумаҳолии устод Айниро кашф кунад. Ин аст, ки аз ҷониби донишмандони машҳур рисолаи мазбур натанҳо аз ҳайси муҳтаво, балки аз ҷиҳати методологӣ (равишшиносӣ) беҳтарин рисолаи илмӣ эътироф гардад. Ба сухани дигар, тарзу усули таҳқиқоти ӯ моҳиятан нав мебошад ва пайравӣ кардан ба он ҳам фарз асту ҳам қарз.

Ин аз як сӯ, чунин маъно дорад, ки академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз пешинаи насри бадеӣ ва ривоятии тоҷикон дар асрҳои миёна огоҳии комил дорад, бо раванду ҷараёнҳо ва марҳалаҳои инкишофи адабиёти умумииттифоқ ошност, аз дигар сӯ, моҳияти масъаларо дуруст дарк карда, самти ояндаи нақди адабиётшиносии муосири тоҷикро муайян намудааст, ки метавон манзараи умумии раванди инкишофи адабиёти гузаштаву муосири тоҷик ва пайванди адабии имрӯзаро ба мушоҳида гирифт. Ин яке аз муваффақиятҳои назаррасу барҷастаи корҳои илмии ин донишманд мебошад, ки ба каси дигар даст надодааст.

Аз ибдооти дигари ӯ дар якнавиштаҳояш, бавежа рисолаи “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ” сохтани муодили тоҷикии истилоҳоти илми адабиётшиносӣ, коркарди онҳо ва баёни тарзи тафаккури назарист, ки ҷойгоҳу мақоми ӯро, чи дар таълифи “фарҳанги адабиётшиносӣ” ва чи дар таснифу тадвини “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, ниҳоят барҷаста месозад, зеро ба ақидаи донишманди тоҷик Худоӣ Шариф дар он солҳо “Тафаккури ягонаи адабии бадеӣ (ё ҳунарӣ) ва ба маънои амалияи эҷодии назму насру намоишнома ва фанни шинохти онҳо мавҷуд набуд” [5, 85]. Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна муҳаққиқони камшуморест, ки зина ба зина нақди адабии муосирро шакл дод ва ҳамчун мунаққиди барҷастаи касбӣ маъруф гардид.

Узви вобастаи АМИТ Худоӣ Шариф, он ҷо ки дар бораи ин рисола баҳс мекунад, ба ин бовар аст, ки: “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ аз лиҳози нақду баррасии илмию танқидӣ асари басо мураккабест. Вай дар зоҳир гӯё асари мустанад аст, вале қисмҳо, силсилаи воқеаҳо, ҳаводиси ҷудогона дар муносибат ба қаҳрамони марказӣ ва дигар қаҳрамонон чунон пайваста ва ҷамъбаст шудаанд, ки масалан, қисмҳои якуму дуюмро чун ду романи мустақил шинохтан мумкин аст. Дар навбати худ асар, аз диди дигар, силсилаи қиссаҳои комили бадеӣ ва мувофиқи назару мавқеи шинохти шаклии асари адабӣ маҷмуаи ҳикоя (новелла) ҳам намунаи барҷастаи адабист. Аз ин ҷост, ки баъзе муҳаққиқону мунаққидони рус аз қиёси ин асар Айниро ҳикоянавис (новеллист)-и барҷаста хондаанд” [5, 86]. Аз ин зовияи дид, ҳар шахсе, ки мехоҳад вориди таҳқиқи улуми инсонӣ ё филологӣ шавад, сарфи назар аз он ки забоншинос ё адабиётшинос хоҳад шуд, ба таври ҳатмӣ бояд ин рисоларо бихонад ва аз он дар навиштани рисолаҳои илмӣ пайравӣ кунад, зеро он метавонад ба ҳайси мактаби бузурги таҷрибаи илмӣ хидмат кунад. Ин нуктаро мунаққиди варзидаи тоҷик Абдухолиқи Набавӣ дарёфта ва ба хулоса расидааст, ки: “Дарвоқеъ, ба шарофати асарҳои тадқиқотии эшон (Муҳаммадҷон Шакурӣ-У.Ю) илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик на танҳо рушду камол дид, балки сифати зотии худро дарёфт, ҷанбаи тахассусияш устувор гардид, нақди адабии мо рӯ сӯи худшиносӣ ниҳод ва савияи илмиву амалияш баланд рафт” [3, 143].

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар рисолаҳои худ аз равиши илмие суд ҷустааст, ба забони тоҷикӣ бисёр сода, равон ва ҳадафманд мебошад. Татбиқи ин кори душвор, вале пурифтихор ба маъдуд муҳаққиқоне даст додааст, ки яке аз онҳо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ табиати забони тоҷикиро эҳсос мекунад ва дар китобҳои «Забони мо ҳастии мост” ва “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад” бо мушоҳидаҳои ҷолиби худ аз масъалаҳое сухан гуфтааст, ки ба тозагии забони тоҷикӣ мусоидат кардаанд.

Имрӯз аҳли илму адаби Тоҷикистон 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакуриро таҷлил менамоянд, ки дуруст ҳам ҳаст, вале он боз сатҳи болотаре мехоҳад. Нигоштаҳои ӯро муҳаққиқони адабиёти муосири тоҷик дар мавориди зиёд иқтибос менамоянд, ки бешак гувоҳи зинда будани ному осори мондагораш аст. Ман бо номи ин бузургмарди илму адаб ифтихор мекунам ва ба қавли Саъдии бузургвор мегӯям:

Зиндаи ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Адабиёт:

1.Брагинский И. Олим ва одам. дар китоби “Абармарди илму

2. Бухороӣ Муҳаммадҷон Шакурӣ. Зиндагиномаи худнавишт/ Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ // Абармарди илму фарҳанг. -Душанбе:Дониш, 2006.-368 с. -сс. 10-23.

3. Набавӣ А. Ноқиди моҳиятбин ва муҳаққиқи равандшинос / А. Набавӣ. // Абармарди илму фарҳанг. -Душанбе:Дониш, 2006.-368 с. --сс.143-163.

4. Сатторзода А. Донишманде бо ақли ҳамешаҷавон ва ҷӯё / А. Сатторзода. С. 68). // Абармарди илму фарҳанг. -Душанбе:Дониш, 2006.-368 с. -сс.68-78

5. Шариф Х. Муҳаммадҷони Шакурӣ ва тафаккури адабии тоҷик / Х. Шариф ). // Абармарди илму фарҳанг. -Душанбе:Дониш, 2006.-368 с. -сс. 82-91

6. Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ / М. Шукуров. -Душанбе:Дониш, 1966.- 260 с.

Умриддин Юсуфӣ, д.и.ф., мудири шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО