23 Jul 2026
Submitted by Admin
1

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш олимону донишмандон, намояндагони вазорату идораҳо, муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонони фаъол, варзишгарони кишвар иштирок намуда, доир ба ҷойгоҳ ва нақши Робиаи Балхӣ дар рушди адабиёти тоҷику форс, инчунин аҳаммияти мероси маънавии ӯ дар тарбияи маънавию фарҳангии ҷавонон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамоишро муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Робиаи Балхӣ аз зумраи чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷик буда, осори ӯ то имрӯз аҳаммияти тарбиявию фарҳангии худро нигоҳ доштааст. Зикр гардид, ки гиромидошти мероси шахсиятҳои бузурги миллӣ дар таҳкими худшиносӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.

Дар идомаи ҳамоиш ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филология, профессор Гулназарзода Жило оид ба ҷойгоҳи Робиаи Балхӣ дар таърихи адабиёти тоҷик маърӯза намуда, нақши ин бонуи суханварро дар ташаккули адабиёти классикӣ ва фарҳанги миллӣ шарҳ дод.

Ҳамчунин, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Шарифзода Фарангис дар мавзуи «Ҳаёт, фаъолияти эҷодӣ ва мероси адабии Робиаи Балхӣ» баромад намуда, паҳлуҳои муҳими зиндагӣ ва осори шоирро бо такя ба таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар қисми ҷамъбастии ҳамоиш узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, адабиётшиноси маъруф Ҳасани Султон дар мавзуи «Робиаи Балхӣ – рамзи озодандешӣ, фарҳангсолорӣ ва худшиносии миллӣ» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки мероси гаронбаҳои Робиаи Балхӣ барои тарбияи насли ҷавон, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии тоҷикон аҳаммияти бузург дорад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба муаррифии мероси шахсиятҳои барҷастаи миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани маърифати ҷавонон мусоидат намуда, барои эҳёи арзишҳои адабию фарҳангии тоҷикон заминаи устувор фароҳам меоранд.

Дар фарҷоми ҳамоиши мазкур аз ҷониби Кумита миёни иштирокчиён викторинаи маърифатӣ баргузор гардида, ғолибон барои донишу ҷаҳонбинии баланд ва иштироки фаъолона бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи Кумита қадрдонӣ карда шуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО