Error message

Notice: Undefined variable: layout_width в функции include() (строка 18 в файле /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
08 Apr 2024
Submitted by Admin
123

Ҳамасола бахшида ба Рӯзи илм дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии Тоҷиикстон конфронсҳои илмӣ баргузор мегарданд. Вобаста ба ин, дар Институт конфронси имрӯза аз ду бахш иборат буд: адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ. Дар бахши адабиётшиносӣ 19 гузориши илмӣ пешниҳод шуда буд, ки аз он 15 гузориш шунида шуд. Аз ҷумла, гузоришҳои донишмандони мо Муҳаммадиев Шамсиддин дар мавзуи “Перомуни истилоҳе дар шеъри Рӯдакӣ”, Ҷамила Мурувватиён оид ба “Оё олим будани занон осон аст?”, Умриддин Юсуфӣ “Анвор-ул-балоға”-и Муҳаммадҳодии Мозандаронӣ (асри XVII) – сарчашмаи муҳимми назарӣ, Беҳрӯзи Забеҳулло “Подшоҳони пешдодӣ бунёдгузори тамаддуни башар”, Ҳошимова Хуршеда “Шаклгирии романи тоҷикӣ то солҳои 90”, Холида Давлатова “Мирзо Ато ва “Девон”-и ӯ”, Мубашшир Акбарзод “ Нигоҳе ба ду нашри “Девон”-и Калими Кошонӣ, Навбаҳорова Бибисултон "Сурудҳои ҷашни арӯсӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон", Каримова Ҳилола “Садриддин Айнӣ дар шинохти Ӯрун Кӯҳзод”, Усмонова Гулбаҳор “Кироми Бухороӣ – шоири инсондӯст”, Исматова Зулфия “Ташаккул ва таҳаввули жанри ҳикоят то асри X» ва унвонҷӯёну магистрони институт Сироҷов Ҷамолиддин “Нигоҳе ба таҳқиқи фаъолияти адабиётшиносии устод Айнӣ”, Шокирова Маҳистон “Санъати бадеии таҷниси том дар ғазалиёти Лоиқ Шералӣ”, Саидова Меҳринисо “Санъатҳои бадеӣ дар достони “Ҷанги одаму об”-и Садриддин Айнӣ”, Шерғозиева Дилрабо “Маҳорати тарҷумонии Муъмин Қаноат” ва Ҳошимова Фарзона “Ҷанбаҳои ҳунарии ашъори Бадеъи Балхӣ” нуктаҳои тоза дошта, дар шинохти чеҳраҳои камшинохтаи адабӣ, табодули назар ва баррасии масъалаҳои мубрами филология муҳим аст.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО