Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
12 Jan 2024
Submitted by Admin
151

Имрӯз дар толори Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ маҷлиси ташкилоти ибтидоии «Ворисони Рӯдакӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ баргузор гардид. Маҷлисро директори ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ, раиси ташкилоти ибтидоии «Ворисони Рӯдакӣ» Шарифзода Фарангис ҳусни оғоз бахшида, бардошту таассурот ва андешаву назари хешро дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, бахусус дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро дар амри тақвият додани пояҳои илмӣ ва дар амал татбиқ намудани корҳои муҳимми илмӣ, хусусан дар бахши улуми филологӣ баён намуд. Дар кори ҷаласа муовини раиси ташкилоти “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар АМИТ, доктори илми таърих Қурбонзода Ширин иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф ҳамаи кормандони Институт ва ҳизбиёнро бо соли нави мелодӣ табрик карда, барои иҷрои нақшаҳои ҳизбӣ дар соли ҷорӣ хостори муваффақият шуд.

Сипас мудири шуъбаи таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ Умриддин Юсуфӣ дар суханронии хеш зикр кард, ки "Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимми сиёсии кишвари мо дар соли гузашта мебошад. Агар ин маъниро ба таъбири дигар баён созем, дар ин ҳуҷҷати асосии сол муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҷамъбасту арзёбӣ ва дар навбати худ вазифаҳои оянда муайян ва мушаххас гардидааст.” Ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии “Ворисони Рӯдакӣ”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Қодирова Салтанат оид ба фаъолияти ҳизбии кормандони Институт ҳисобот дод. Ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосир, номзади илмҳои филологӣ Ҳошимова Хуршеда маърузаи худро таҳти унвони “Паёми илҳомбахши Пешво” манзури ҳозирин намуда, муҳимтарин нуктаҳои марбут ба илм, маориф ва занон, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дод. Ходими хурди илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот Файзова Парвина дар суханронии худ таъкид кард, ки Паёми Роҳбари давлат роҳнамои рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, маориф ва илми кишвар буда, рушди ҷомеа аз маориф ва илм вобастагии қавӣ дорад. Дар охири ҷаласа кормандони Институт якдилона тасмим гирифтанд, ки Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳанд ва бо комёбиҳои назарраси илмӣ дар рушду нумуи илми кишвар саҳмгузор бошанд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО