08 May 2025
Submitted by Admin
18

Имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ ба ифтихори 80-солагии ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида. Онро бо сухани муқаддимавӣ директори Институт доктори илмҳои филологӣ Фарангис Шарифзода ифтитоҳ намуд. Сипас муовини директори Институт оид ба илм ва таълим н.и.ф. Шамсиддин Муҳаммадиев роҷеъ ба иштироки кормандони Институт дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми мардуми Тоҷикистон дар таъмини ғалаба суханронӣ намуд. Ходими пешбари илмии шуъбаи забони тоҷикӣ Институт Бурҳониддини Бузургмеҳр шеъри хешро ба мардони майдони ғалаба ва Сулаймони Ваҳҳобзода - ходими илмии шуъбаи адабиёти муосири Институт ашъори устод Муъмин Қаноатро дар васфи қаҳрамонии халқи тоҷик дар ҶБВ-ро қироат намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО