Error message

Notice: Undefined variable: layout_width в функции include() (строка 18 в файле /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
21 Nov 2023
Submitted by Admin
150

Имрӯз бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар толори Шурои олимони Институт ба муносибати 100-солагии фолклоршиноси тавоно, академик Раҷаб Амонов Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Раҷаб Амонов ва рушди фолклоршиносии тоҷик” баргузор гардид.

Дар конференсия директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ доктори илмҳои филологӣ Шарифзода Фарангис дар мавзуи “Корномаи илмии академик Раҷаб Амонов”, академик Носирҷон Салимӣ дар мавзуи “Рамзошнои маънӣ”, академик Кароматулло Олимов дар мавзуи “Муҳаққиқи варзидаи фолклори тоҷик”, профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ дар мавзуи “Академик Раҷаб Амонов ва масъалаҳои фолклоршиносии тоҷик”, мудири шуъбаи таҳрири Энсиклопедияи миллии тоҷик Шамсиддин Орумбекзода дар мавзуи “Садоқати устоду шогирд (академик Раҷаб Амонов ва профессор Нисор Шакармамад”, мудири шуъбаи фолклор, номзади илмҳои филологӣ Абдуламин Мажнунов дар мавзуи “Саҳми академик Раҷаб Амонов дар таъсис ва ташаккули шуъбаи фолклор дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ”, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдӣ Қосимӣ дар мавзуи “Нақши Раҷаб Амонов дар таҳияи китобҳои дарсии фолклоршиносӣ”, мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар мавзуи “Шинохти рубоӣ ва рамзҳои он дар таҳқиқоти академик Раҷаб Амонов”, декани факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдулмаҷид Қурбонов дар мавзуи “Раҷаб Амонов муҳаққиқи фолклори мардуми Кӯлоб” суханронӣ намуданд.

Дар музокира Шамсиддин Муҳаммадиев, Равшан Раҳмонӣ, Дилшод Раҳимӣ ва Шодигул Умарова суханронӣ намуданд. Дар анҷоми конференсия чунин пешниҳодҳо ироа гардиданд:

Дар шаҳри Душанбе кӯчае ба номи академик Раҷаб Амонов гузошта шавад.

2.Куллиёти осори мавсуф барои чоп омода карда шавад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО