02 Nov 2026
Submitted by Admin
6

Имрӯз, 2 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади баррасии рафти иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварати корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зикр дошт, ки Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ гардида, яке аз санадҳои муҳими стратегӣ дар самти рушди илм, таҳқиқоти бунёдию амалӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Стратегия муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди илм, технология ва инноватсия, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешрафти фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад.

Иброз гардид, ки тибқи муқаррароти Стратегия, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи худидорашавандаи олии илмии ҷумҳурӣ дар ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдию амалӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад.

Зикр гардид, ки иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, дар ин самт як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати рушди таҳқиқоти бунёдию амалӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, таъсис ва муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои муосир, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, дастгирии олимони ҷавон, густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва татбиқи дастовардҳои илмию инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Дар ҷараёни машварат масъалаҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи Стратегия, тақвияти фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ, таҳкими заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳо ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои омода намудани мутахассисони ҷавон, дастгирии олимону муҳаққиқон, рушди фаъолияти ихтироъкорӣ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои иҷрои пурра ва саривақтии ҳадафу вазифаҳои пешбининамудаи Стратегия зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ боз ҳам тақвият ёфта, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот вусъат дода шавад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки рушди илм ва технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои инноватсионӣ ва тақвияти иқтидори зеҳнии ҷомеа аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии мамлакат ба шумор мераванд.

Дар анҷоми машварати корӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таъмини иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои дахлдори Стратегия, таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ва густариши ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО