21 Oct 2026

АНДАР ЧИГУНАГИИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Submitted by Admin
250

Меҳргон омад, гирифта фолаш аз некӣ мисол

Неквақту некҷашну некрӯзу некҳол.

Унсурӣ

TJ
16 Oct 2026

Профессор Сайфиддин Назарзода: Забон ва ҳувияти миллӣ. Бахши 4

Submitted by Admin
287

Пас аз суқути давлати Сосониён ва истилои араб тақрибан беш аз як қарн тул кашид, то ин ки форсизабонон аз зарбаи араб ба худ омада, дар фикри анъанаҳои миллӣ ва собиқаи таърихии худ афтиданд. Дар қарнҳои аввали ислом буд, ки дар ин сарзаминҳо наҳзате пайдо шуд маъруф ба «шуубия», ки на танҳо баробарии арабу аҷам, балки бартарии аҷамро бар араб таъкид мекард. Сад соли дигар нагузашт, ки пояҳои хилофат заиф гардид ва аз ҳар гўшаву канори сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр саркашоне бархостанд, ки дар сар фикри истиқлол ва озодӣ аз юғи хилофатро мепарвариданд.

TJ
15 Oct 2026

ОМИЛҲОИ АСОСИИ ЭҲЁ ВА РУШДИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Submitted by Admin
299

Меҳргон – аз қадимтарин ва пурғановаттарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки решааш ба умқи ҳазорсолаҳо мерасад. Мутаассифона, дар тӯли асрҳо бо сабабҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ ин ҷашни бузург бо он шукуҳу шаҳомате, ки дар гузашта дошт, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Танҳо дар бархе минтақаҳои кишвар бо роҳу равиши гуногун ва оийнҳои мухталиф ин ҷашнро таҷлил менамуданд. Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи дубораи он шароити мусоид фароҳам омад.

TJ
05 Oct 2026

Баҳсҳо дар атрофи масоили амалӣ ва назарии забон дар рӯзноми «Бухорои шариф»

Submitted by Admin
393

Дар рӯзномаи нахустини тоҷикӣ «Бухори шариф» чанду чуни забони форсии тоҷикӣ яке аз масъалаҳои муҳим будааст. Аслан, пас аз интишори рӯзнома ба арсаи мубоҳиса баромадани забон як ҳодисаи табиӣ ва таърихӣ дар фарҳанги рӯзноманигорӣ ба шумор меояд. Ин ифода низ маъдум аст, ки «рӯзномаи миллат забони миллат аст» ва онро Мирзо Сироҷи Ҳаким дар мариди ҷойгоҳи рӯзнома дар ҳаёти маънавии миллат мавриди истифода қарор медиҳад. Аммо муҳим он аст, ки ин «забони миллат» оё ба миллат фаҳмост ё хайр.

TJ

Pages

ЁДИ РАФТАГОН

Pages

МАҚОЛАҲО