19 Dec 2025
Submitted by Admin
8

Санаи 19.12.2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии шуроҳои диссертатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи раисони шуроҳои диссертатсионӣ оид ба фаъолият дар соли 2025 шунида шуд.

Дар кори маҷлис ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода И.Т., Мирзораҳимов А., Саломиён М., сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи (PhD) Қосимзода С.С., раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х. муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода М.М., раис, котиб ва муовинони шуроҳои диссертатсионӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

- Дар рафти ҷаласа дар ду бахш ҳисоботи раисони шуроҳои диссертатсионии 6D.KOA-009 назди Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ, 6D.КОА-017 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, 6D.КОА-033 Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ, 6D.КОА-042 назди институти химияи ба номи в.и. никитини АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, 6D.КОА-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ, 6D.КОА-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, 6D.КОА-067 назди Институти забон ва адабиёти ба номи рӯдакии АМИТ, 6DKOA-076 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи а.баҳоваддинови АМИТ, 6DKOA-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, 6D.КОА-080 назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ, 6D.КОА-089 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва 6D.КОА-104 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ баррасӣ гардиданд.

Дар рафти маҷлис қайд гардид, ки соли 2025 бо дастгирии бевоситаи президенти АМИТ узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Давлатзода С.Х. дар назди муассисаҳои зерсохтори АМИТ 3 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд ва шумораи умумии шуроҳои амалкунанда ба 12 адад расонида шуд, ки дар онҳо баррасии диссертатсияҳоро аз рӯйи 32 ихтисос ба роҳ мондаанд.

Cоли 2025 дар шуроҳои диссертатсионӣ 87 ҳимоя баргузор гардид, ки аз он 13 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 17 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD ва 57 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илм мебошанд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО