Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
02 Jan 2024
Submitted by Admin
119

ҶАВОНОН - ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Маҳз ҷавонони бонангу номус, ватандӯсту ватанпарастанд, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат барои ободии Ватан фаъолона иштирок мекунанду марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя менамоянд.

Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, таъкид намуданд, ки: “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”.

Пешвои миллат ҳамеша ба ҷавонон эътимоди комил дошта, нисбаташон ғамхор мебошанд. Аз ин рӯ, неруи зеҳнии онҳоро ҳамчун захираи стратегии миллӣ барои ободии Ватан медонанд:

“Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”

Сол то сол ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдод дар кишварамон зиёд гардида, ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷ аз кишвар таҳсил менамоянд, чуноне ки дар Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат зикр намуданд:

“Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд”.

Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки “танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд”.

Зимни ироаи Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити муфид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо таъкид намуда гуфтанд:

“Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити муфид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд”.

Дар мавриди гуфаҳои боло Пешвои миллат Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф намуданд, ки барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия намоянд:

“Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд”.

Президенти кишвар вобаста ба сатҳу сифати тарбияи ҷавонон иброз намуданд:

“Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад”.

Солимии ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор гирифтааст, вобаста ба ин таъкид намуда, қайд карданд:

“Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад”.

Бо шарофати ҷавонони бонангу номус парчами Тоҷикистони азизи мо дар гӯшаҳои гуногуни олам парафшонӣ мекунад. Вобаста ба ин, муҳтарам Пешвои муаззами миллат қайд намуданд:

“Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд”.

Эътимод ба ҷавонон ва таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат мо ҷавононро водор месозад, ки пайваста баҳри рушду устувори Ватани хеш камари ҳиммат бибандем.

Файзова Парвина ходими хурди илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИ

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО