Error message

Notice: Undefined variable: layout_width در include() (خط 18 از /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
18 Sep 2025
Submitted by Admin
19

Аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ду қасидаи комил то замони мо расидааст, ки яке «Қасидаи пирӣ» ва дигаре «Модари май» ном дорад. Устод Муҳаммадҳусайни Шаҳрёр дар пайравии «Қасидаи пирӣ»-и Одамушшуаро Рӯдакӣ қасидае дорад бо номи «Рӯдакӣ», ки дар он муҳаббати самимии худро ба Устоди шоирон ва шеъру адаби форсӣ баён кардааст. Агарчи қасидаҳои мавриди баррасии мо дар вазнҳои гуногун (аввалӣ дар баҳри муҷтас ва дувумӣ дар баҳри хафиф) суруда шудаанд, қофияву радифи ягона доранд, қофия «-он» ва радиф «буд».

Қасидаи устод Рӯдакӣ 34 байт дорад ва бо байти зер оғоз мешавад:

Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.
Қасидаи устод Шаҳрёр 70 байт аст ва матлаъаш ин аст:
То ҷаҳон буду то ҷаҳонбон буд,
Шеърро мансабею унвон буд.
 

Устод Шаҳрёр дар офаридани ин қасида қудрати суханварии худро ба намоиш гузоштааст, ки ситуданист. Дар саропои қасидаи ӯ забону баёни қасидасароёни гузаштаи мо дида мешавад. Маълум аст, ки вай пайваста ба ашъори устод Рӯдакӣ, бавижа ба «Қасидаи пирӣ»-и ӯ назар доштааст. Ин чиз қариб дар ҳар байти қасидаи устод Шаҳрёр ба мушоҳида мерасад. Дар ин мақола мехоҳам ба монандиҳо ва тафовутҳои ҳар ду қасида ба қадри имкон ишора намоям.

Байти аввали қасидаи устод Шаҳрёр моро ба ёди шеъри Одамушшуаро мебарад, ки низ бо таъбири «То ҷаҳон буд» оғоз мешавад:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
 

Ҳамчунин аз баъзе вожаҳое, ки устод Рӯдакӣ дар қофияи шеъраш ба кор бурдааст, устод Шаҳрёр низ суд ҷустааст. Дар зер ба ин қофияҳои монанд ишора мешавад. Аввал байти устод Рӯдакӣ ва баъд байти устод Шаҳрёр:

Дилам хизонаи пурганҷ буду ганҷ сухан,
Нишонаи номаи мо муҳру шеър унвон буд.
То ҷаҳон буду то ҷаҳонбон буд,
Шеърро мансабею унвон буд.
                     ***
На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд, ман-т бигӯям: Қазои Яздон буд.
Синаи шоир аз нахустин рӯз
Ҷилвагоҳи фурӯғи Яздон буд.
 

Ҳамин тавр устод Шаҳрёр калимаҳои «девон», «нуқсон», «дандон» (тездандон), «пинҳон», «борон», «Хуросон», «Оли Сомон», «майдон», «ҳазордастон», «марҷон» ва «дармон»-ро, ки дар қофияи қасида устод Рӯдакӣ ба кор рафтаанд, дар қофияи шеъри худ истифода бурдааст. Ин равиш шеъри ӯро ба шеъри Одамушшуаро бисёр монанд ва наздик кардааст ва ҳар кас ки ин қасидаро мехонад, ҳатман ба ёди қасидаи устод Рӯдакӣ меафтад. Қасидаи устод Шаҳрёр як навъ таърихи мухтасари шеъру шоирии Эронзамин аст, ки аз оғоз то рӯзгори шоирро дар бар мегирад ва ҳамвора аз бузургию баландии мақоми шоир ва шеър мегӯяд, ба монанди: шеърро мансабею унвон буд, шоир партави талъати худоён буд, синаи шоир ҷилвагоҳи фурӯғи Яздон буд, шеъри шоир таронаи қудсӣ, шаммае з-ин тарона Қуръон буд, кохи рифъати шоир баршуда то баланд Кайвон буд, вижа гӯяндагони эронӣ, ки тавонанд худ худоён буд…, ки саропо ҳикоят аз ифтихори Эрону эроният мекунад.

Аз номи қасида ҳам пайдост, ки дар асосан сухан дар бораи Рудакӣ меравад. Устод Шаҳрёр бо абёти равону зебо ва суханони самимӣ устод Рӯдакиро меситояд ва ҷойгоҳи ӯро дар адабиёти форсӣ нишон медиҳад, ки ҳама шоистаи мақоми Одамушшуарост. Ӯ устоди шоиронро бо сифатҳои «хусрав», «дурри шаҳвор», «Пури Дастон», «аввалин қаҳрамони майдон»… ситоиш кардааст:

Марде аз рустои Рӯдак хост,
Хусраваш хонам, арчи деҳқон буд…
Рӯдакӣ низ чун дури шаҳвор
Зеби дарбори Оли Сомон буд.
Ҳамчу теғи Амир Исмоил
Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.
Рӯдакӣ кори Пури Дастон кард,
К-ин ҳунар кори Пури Дастон буд.
Дар низоъи бақои миллият
Аввалин қаҳрамони майдон буд.
Падари порсиш мехонанд,
Ҳар чӣ гӯям, ҳазор чандон буд.
Ба вафоташ ятим шуд Эрон,
Ростӣ, к-ин азим фуқдон буд.
Ростӣ, к-аз тани ҳунар ҷон рафт,
Рӯдакӣ дар тани ҳунар ҷон буд.
Рӯдакӣ мурду номи ӯ зиндаст,
Зинда бояд ҳаме ба даврон буд…
 

Шоир дар поёни қасида ишорае ба заҳматҳои устод Саид Нафисӣ мекунад ва ӯро ба унвони ягона касе ки ному осори Рӯдакиро ба имрӯзиён дастрас намудааст, тавсиф мекунад, ки воқиан чуни наст:

Рӯдакиро дубора ҷон бахшид,
Ки аз ӯ дардҳо ба дармон буд.
Офарин хомаи Нафисиро,
Ки ба тазминаш оби ҳайвон буд.
Ин саодат набуд Эронро,
Ки на бахти Саиди Эрон буд.
 

Аз нигоҳи ҳунари офаринандагӣ низ ин қасида хеле хушоҳангу зебост. Дар он мо шоҳиди мусиқии калом, ҳамнишинии овозҳо, орояҳои адабии фаровон ба мисли ташбеҳ, тамсимл, тазод, иҳом, талмеҳ, тарсеъ, такрор, таноқуз, қофияи дохилии шеър ва ғайриҳи ҳастем. Зебоии оҳангро дар мисраъу байтҳои зер метавон мушоҳида кард:

То ҷаҳон буду то ҷаҳонбон буд…
Зинда то ҳаст, номи Эрон бод,
Зинда то буд, номи Эрон буд.
То абад маҳди илму ирфон бод,
К-аз азал маҳди илму ирфон буд.
Сӯхт моро зи оташи девон,
Ҳар куҷо дафтарею девон буд.
Алғараз кохи маҷду истиқлол
Солҳо сахт сустбунён буд.
Тозиёнро зи мулк тозонданд,
Тозӣ аз сайди худ гурезон буд.
Миллати мо раҳини миннати ӯст,
Миннат ӯро сазад, ким аннон буд.
 

Ҳамчунин дар ин қасидаи устод Шаҳрёр метавон таъсири шеъри шоирони гузашта ба мисли Фирдавсӣ, Унсурӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро мушоҳида кард, ки аз ҳофизаи қавии ӯ гувоҳӣ медиҳад:

Ҳаким Фирдавсӣ гуфта буд:
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Устод Шаҳрёр аз ӯ гирифта:
Кохе аз назми порсӣ афканд,
К-аш на осеби боду борон буд.

Унсурӣ гуфта буд:

Ғазал рӯдакивор некӯ бувад,
Ғазалҳои ман рӯдакивор нест.

Устод Шаҳрёр ишора ба гуфтаи ӯ дорад:

Дигарон пайравони Рӯдакиянд,
Натавонанд рӯдакисон буд.

Камоли Хуҷандӣ мегӯяд:

Хатм шуд бар Камол лутфи сухан,
Ҳар чӣ баъд камол, нуқсон аст.
Устод Шаҳрёр гуфтааст:
Интиҳои камол дар дунё
Дида шуд, к-ибтидои нуқсон буд.
 

Хулосаи калом ин аст, ки устод Шаҳрёр ҳамчун шоири тавоно тавонистааст, ки бо назар доштан ба қасидаи устод Рӯдакӣ шеъри зебову мутантане биёфарад ва бо он ҳунари шоирии худро ба намоиш гузорад. Воқиан ин қасида хеле устодона суруда шудааст, ки баёнгари равонии табъ ва устодии гӯяндаи қасидаи «Рӯдакӣ»-ст.

Мубашшир Акбарзод - ходими илмии Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО