16 Apr 2024
Submitted by Admin
128

Устод Садриддин Айнӣ на танҳо шоиру нависанда, олим ва публитсисти дақиқназар буданд, балки дар таҳқиқи масъала ва ҳодисаҳои таърихӣ низ ҳамчун муаррих чеҳраи барҷастае аз худ нишон додааст. Аз тарафи дигар тамоми осори устод ҷанба ва назарияи таърихӣ доранд. Аз ҷумла, романҳо, повестҳо, “Ёддоштҳо” ва таҳқиқоти адабиётшиносии устод Айнӣ санади муътабари таърихӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин аксари осори адабию илмӣ ва ҳатто осори манзуми ӯ ҷанбаи таърихӣ дошта, бо такя ба воқеаҳои таърихӣ эҷод шудаанд.

Дувум, устод Айнӣ ҳатто дар бораи ҳодисаҳову воқеаҳо ва қаҳрамонҳои повесту романҳои адабии худ огоҳӣ ва маълумоти аниқ доштааст. Масалан, вақте Назруллоҳи Бектош рисолаи “С. Айнӣ ва эҷодиёти ӯ"-ро соли 1933 чоп ва андешаҳояш роҷеъ ба осори Айниро баён кард, устод Айнӣ билофосила ба ӯ посух дод. Дар посухи устод Айнӣ ба таҳрифи воқеа ва санадҳои таърихие, ки Бектош дар бораи ашъор ва насри устод баён кардааст, посухи равшан додааст. Аз ҷумла, устод Айнӣ ба таъбиру тафсири дур аз ҳақиқати Бектош аз баъзе ашъори Айнӣ, бахусус шеърҳое, ки дар мавзуи низои шиаву суннӣ дар Бухоро, кушта шудани бародараш Сироҷиддин ё ғазале алайҳи фатвои уламои “Шӯрои ислом”, ки Айниро ба куфр мутаҳҳам карда буданд аммо аз тарафи Бектош бо мақсадҳои дигар шарҳу тавзеҳ ёфтаанд, эътироз баён мекунад.

Яке аз масъалаҳое, ки байни устод Айнӣ ва Бектош ихтилофи назар эҷод кардааст, нигоҳи онҳо ба ҷараёни босмачигарӣ аст, ки Бектош қасд дошт аз Иброҳимбек як муборизи миллӣ битарошад, аммо устод Айнӣ ӯро як дузд ва роҳзан медонист. Устод Айнӣ дар номае “Ба Маъруф Расулӣ, Сирус, Бобоҷонов, Бектош ва Улуғзода”, аз 17 апрели соли 1933, Самарқанд менависад: “Он ҳаракати Иброҳимголлуро мо ҳеҷ гоҳ “исёни деҳқони камбағал ба муқобили ҳукумати амир” гуфта, эзоҳ карда наметавонем, зеро Иброҳимголлу ба деҳқони камбағал ҳеч муносибат надошт. Падари ӯ ҳам Чақобой Туқсабо амалдори амир буд ва дар айни замон дузд буд”.

Сипас Устод Айнӣ ба туҳмати дигари Бектош дар бораи афсона будани ҳодисаи аз зиндон гурехтани бандиён дар романи "Дохунда” чунин посухи дақиқ медиҳад: “Лекин аз ҷониби ман, хушбахтона ва аз ҷониби рафиқ Бектош бадбахтона, он воқеа бо ҳама ҷузъиёти худаш ба тарзе, ки дар “Дохунда” тасвир карда шудааст, рост аст. Агар Сайид Маҳмуди таракачӣ, ки падари Маҳмудуфи артист аст, ҳоло дар Истолинобод бошад бошад, шаҳодат медиҳад, ки ин воқеа айнан ва факт аст. Он воқеа дар рамазони соли 1325 (1907) ҳиҷрӣ воқеъ шуд. Аз қаҳрамонони ин воқеа яке Сафдар аст, ки бо номи Абдуллоҳ Сафдар машҳур буда, писари Ботурбойи рангрези Ғиждувонӣ ва ҳаммактаби худи ман буд. Дигараш Қаландари Зангаригӣ аст, ки он дар “Аҳмади девбанд” ном ҳикояи ман ҳам иштирок мекунад, қозии Вобканд, ки яке аз бандиёнро бо дуои дар каллапӯш буда, ёфта гирифта буд, Шарифҷон Махдум буд, ки порсол вафот кард” . Хулоса, устод Айнӣ ба ҳамаи эродҳои Назруллоҳ Бектош ба ҳамин равиш ҷавобҳои дақиқу аниқ дода, ботил будани хулосаҳои ӯро ошкор мекунад.

Аз ин санадҳо бармеояд, ки устод Айнӣ ба таърих ва ҳаводиси таърихӣ ниҳоят масъулона амал мекардааст. Ӯ дар мақолаи “Сарнавишти як халқ”, ки соли 1951 ба забони русӣ дар Маскав нашр шудааст, дар бораи таърих чунин менигорад: “Таърих танҳо замоне маънӣ пайдо мекунад, ки дар дастони халқ ҳамчун абзори мубориза барои оянда табдил шавад ”.

Ба ҳамин тартиб устод Айнӣ ҳамин принсип, яъне масъулона амал кардан дар баробари таърих ва ҳифзи манфиатҳои миллиро дар ҳама гуна шароит ҳифз кардааст. Барои мисол, равиши мазкур дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ба хубӣ риоят шудааст. Баъдан, устод Айнӣ бо ҳамин равиш асарҳои таърихӣ, рисола ва монографияҳои илмӣ, аз ҷумла “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ”, «Шайхурраис Абуалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рудакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва ғайраро таҳияву такмил намудааст.

Устод Айнӣ дар шинохти ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ истеъдоди махсус ва дар таҳлилу тафсири онҳо маҳорати фавқулодае доштааст. Ӯ тамоми таърихномаҳо ва тазкираҳоро аз назар гузаронида мутобиқи манфиати миллии тоҷикон онҳоро шарҳу эзоҳ медиҳад. Гарчанде баъд аз байн рафтани давлати Сомониён тоҷикҳо давлати миллии мустақил надоштанд, бо ин вуҷуд устод Айнӣ ҳаводиси гузаштаро бо назардошти манофеи қавми тоҷик арзёбӣ ва баҳогузори кардааст. Муҳаққиқи амрикоӣ Ҷонатан Зарман дар пешгуфтори хеш ба матни англисии “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” дар тарҷумаи Абдусалом Мамадназаров, (Нашриёти “Роутлиҷ”, Лондон, Ню-Йорк, 2024), ба ин масъала ба дурустӣ ишора кардааст: “С. Айнӣ барои ба хонанда равшан гардонидани воқеаҳои таърихӣ таҳлили интиқодии сарчашмаҳои дастрасро анҷом дода, ҳамчунин дар афзудани иттилоот бо далелҳои муътамад ҳатто аз манбаҳои пароканда эҷодкорӣ нишон медиҳад ”.

Устод Айнӣ дар рисолаҳои таърихии “Исёни Муқаннаъ” сабабҳои рух додани ҳодисаи мазкурро аз таърихномаҳои қадим, аз ҷумла "“Таърихи табарӣ”, “Равзат-ус-сафо”-и Мирхонд, “Таърихи Наршахӣ”, “Осор-ул-билод”-и Қазвинӣ ва манбаҳои дигар ба монанди ривоятҳои Гардезӣ, Берунӣ, Ибни Асир, Ибни Холиқон мутолиаву муқоиса намуда, ҳақиқати таърихиро то ҳадди имкон барқарор кардааст.

Ба навиштаи Ҷонатан Зерман рисолаву очеркҳои таърихии устод Айнӣ аз се ҷанбаи муҳим бархурдор ҳастанд;

Якум, ӯ дар ибтидо шахсияти қаҳрамононро аз манзумаи бузурги миллию таърихӣ – аз ҳамосаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ зикр мекунад, ки равиши мазкур дар эҷоди пайвандҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ дар навиштаҳояш шаҳодат медиҳанд;

Дувум, С. Айнӣ маънӣ ва таърифи номҳо ва истилоҳотеро, ки дар пажуҳишаш дучор шуда буданд, аз назари забоншиносӣ тавзеҳ додааст.

Сеюм, С. Айнӣ аз бист тан аз донишмандон, пизишкон ва шоирону нависандагони барҷастаи тоҷик пеш аз ҳамали муғулҳо ба Мовароуннаҳру Хуросон ва саҳми бузурги онҳо дар гузоштани пояҳои илм хабар медиҳад.

Аз ин ҷиҳат ба гуфтаи Ҷонатан Зарман “Ӯ (устод Айнӣ) дар инъикоси ҳақиқати таърихии ин минтақа саҳми бузург гузоштааст”.

Бо таваҷҷуҳ ба далоили зикршуда мо метавонем муносибати устод Айнӣ ба таърихи халқи тоҷикро ин гуна муайян кунем:

1. Дақиқназар будан дар инъикоси таърих (Ёддоштҳо ва роману повестҳо);

2. Муносибати устод ба таърих муҳаққиқона будааст, на муқаллидона (Намунааш “Исёни Муқаннаъ ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”);

3. Ҳодисаву воқеаҳои таърихиро аз овоза ва афсонаву ривоятҳои бофташудаву беасос зиракона фарқ кардан (Рисолаи “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ);

4. Ҳаводису воқеаҳоро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ таҳлилу арзёбӣ кардан;

5. Риояти инсофу эътидол дар таҳқиқи ҳаводиси таърихӣ;

6. Барои исботи фикраш аз санадҳои муътабар истифода мекардааст;

7. Равиш ё методи қиёсӣ ва реалистиро дар навиштаҳояш ба кор мебурдааст;

8. Таърихро муҳимтарин рукни ташаккули худшиносии миллӣ медонистааст.

Ба ҳамин тартиб дар мавриди хидматҳои бузург ва мондагори устод Айнӣ назари Қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафур беҳтарин баҳо ба шумор меравад.

“Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946—1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:

«Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст».

Ин сухани Бобоҷон Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал руҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд ".

Дар ниҳоят, эҳтиром гузоштан ба Айнӣ ба маънои эҳтиром гузоштан ба давлати миллӣ — Тоҷикистони соҳибистиқлол, конситутсия, гимн, нишон ва дигар муқаддассоти давлатӣ ба шумор меравад.

Баъд аз ин бе зиндагонӣ зиндагонӣ мекунад,

Нашканад санги ҳаводис сангҳои ҳайкалаш.

Вақт агар вақте кунад аз рӯи ӯ қатъи назар,

Пешпоӣ мехӯрад дар пеши пои ҳайкалаш!

        

Беҳрӯзи Забеҳулло, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО