Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
18 Mar 2024
Submitted by Admin
230

Наврӯз аз куҳантарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои суннатии мардуми мост, ки аз қаъри асрҳо, аз рӯзгори Ҷамшед ва дигар подшоҳони аҳди қадим ибтидо мегирад ва то ба имрӯз аз тарафи мардуми мо ва дигар мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ба хусус, баъди он ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ва дастгирии сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар таърихи 23 феврали соли 2010 иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни фархундаи Наврӯз ба мақоми байналмилалӣ соҳиб гардид, шуҳрату эътибори он дар саросари ҷаҳон афзуд.

Воқеан, бо қадами муборак ва файзрези Наврӯз табиат ҳамасола ҷомаи сабз дар бар мекунад, гулу гиёҳон сар аз ҷайби хок берун мекашанд, дарахтон гул мекушоянд, мурғон нағмасароӣ мекунанд, рӯзҳои сард сипарӣ шуда, рӯзҳои гарми офтобӣ фаро мерасанд, деҳқон ба замин нахустин донаи уммеди фаровонҳосилӣ мекорад, дилҳо аз ишқу муҳаббат лабрез мегарданд, зиндагӣ ҳусну тароват ва маънию мазмуни тоза пайдо мекунад... ва ба иборати мухтасар «олами пир дигарбора ҷавон» мегардад.

Ҳамин аст, ки бузургони миллати мо дар ҳама давру замон ба ин ҷашни фархундаи миллӣ ҳусни таваҷҷуҳ доштаанд ва дар ситоиши он ҳам дар назм ва ҳам дар наср асарҳои мондагор офаридаанд, ки “Наврӯзнома”-и Умари Хайём намунаи олии чунин арҷгузорӣ ба шумор меравад.

Яке аз бузургони камназири забону адаб ва таъриху фарҳанги миллии мо, ки дар асарҳои худ бо камоли муҳаббат дар робита ба таърих ва бузургдошти ин ҷашн ба тафсил сухан рондааст ва соли 2023 ба таърихи таваллудаш 1050 сол пур мешавад, устодурраис Абурайҳони Берунист.

Зимнан ёдоварӣ мебояд, ки дар асарҳои Берунӣ дар хусуси одобу русум ва ҷашну рӯзҳои маъруфи гузаштагони мо, аз ҷумла Наврӯз, Наврӯзи нахустин, Наврӯзи бузург, Тиргон, Тиргони хурд, Тиргони бузург, Меҳргон, Меҳргони бузург, Парвардагон ё Фарвардагон, Барнишастани кӯса, Баҳманҷана ё Баҳмангон, Сада, Навсада ё Барсада, Набиштани руқъаҳои каждум, Мардгирон, Гаҳанбор, Сармои пиразан ё Аҷузи Абдуллоҳи Қалам, Хуррамрӯз ё Навадрӯз, Озарҷашн, Ҷашни Нилуфар ва ғ. маълумоти ҷолиб ва қобили мулоҳиза мавҷуд аст. Берунӣ ҳамчунин дар “Китоб-ут-тафҳим” тавзеҳ медиҳад, ки ҳар сӣ рӯзи моҳи пешиниёни мо ба худ номе дорад, ки ба эътиқоди гузаштагон “ин номҳои Эзад ва фариштагонанд” ва агар номи рӯз ба номи моҳ мутобиқ афтад, рӯзи ид аст ва ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Масалан, рӯзи баҳмани моҳи баҳман – ҷашни Баҳмангон, рӯзи тири моҳи тир – ҷашни Тиргон, рӯзи меҳри моҳи меҳр – ҷашни Меҳргон.

Барои осонии дарки матлаб номи сӣ рӯзи моҳи гузаштагонро аз қавли худи Абурайҳони Берунӣ дар зер ёдовар мешавем: 1. Ҳурмузд (Ҳурмуз), 2. Баҳман, 3. Урдибиҳишт, 4. Шаҳривар, 5. Исфандормуз, 6. Хурдод, 7. Мурдод, 8. Дайбаозар, 9. Озар, 10. Обон, 11. Хур, 12. Моҳ, 13. Тир, 14. Гӯш, 15. Дайбамеҳр, 16. Меҳр, 17. Суруш, 18. Рашн, 19. Фарвардин, 20. Баҳром, 21. Ром, 22. Бод, 23. Дайбадин, 24. Дин, 25. Ард, 26. Аштод, 27. Осмон, 28. Зомёд, 29. Меҳрасфанд (Морасфанд), 30. Анирон.

Ҳамин тариқ, ниёгони мо, дар робита ба мутобиқ омадани номи рӯз ба номи моҳ бо афзудани пасванди -гон ба номи рӯзу моҳ чордаҳ ҷашни марбут ба рӯзу моҳ доштаанд: Фарвардингон (рӯзи нуздаҳуми моҳи фарвардин), Урдибиҳиштгон (рӯзи сеюми моҳи урдибиҳишт), Хурдодгон (рӯзи шашуми моҳи хурдод), Тиргон (рӯзи сездаҳуми моҳи тир), Мурдодгон (рӯзи ҳафтуми моҳи мурдод), Шаҳриваргон (рӯзи чоруми моҳи шаҳривар), Меҳргон (рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр), Обонгон (рӯзи даҳуми обонмоҳ), Озаргон (рӯзи нуҳуми озармоҳ), Дайбагон (рӯзҳои ҳаштум, понздаҳум ва бистусеюми моҳи дай), Баҳмангон (рӯзи дувуми моҳи баҳман), Исфандормузгон (рӯзи панҷуми моҳи исфанд).

Вале ду ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврӯз ва Меҳргон дар таълифоти Берунӣ ҷойгоҳи хос ва мақоми вежа доранд, ки бегумон бар пояи устувору дақиқи илмӣ доштани ин ҷашнҳо ва мутобиқати онҳо ба баробарии шабу рӯз ва эътидоли баҳорию тирамоҳӣ алоқаманд аст. Дар навиштаи мавриди назар дар бобати ҷашни Наврӯзи Аҷам, таърихи пайдоиш ва баъзе суннатҳои он аз назари Абурайҳони Берунӣ ба ваҷҳи мухтасар сухан хоҳад рафт.

Берунӣ дар фасли “Дар моҳу сол ва таърихҳову рӯзҳои умматон”-и “Китоб ут-тафҳим”, ки ин шоҳкори безаволро ба забони модарии мо таълиф кардааст, дар бобати чигунагии ҷашни Наврӯз чунин мегӯяд: “Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ в-аз ин ҷиҳат pӯзи нав ном карданд, зеро-к пешонии соли нав аст. Ва он-ч аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳост. Ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯзи бузург доранд, зеро-к хусравон бад-он панҷ pӯз ҳақҳои ҳашам ва гурӯҳону бузургон бигзордандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввалpӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан”.

Чунонки ба мушоҳида мерасад дар ҳамин як матлаби кӯтоҳ чанд нуктаи муҳим дарҷ шудааст:

якум, калимаи “наврӯз” шакли ворунаи ибораи “рӯзи нав” буда, ба қавли Берунӣ “пешонии соли нав”, яъне аввалин рӯзи соли нави аҷдодист. Ба баёни дигар, Наврӯз калимаи сирф тоҷикист, ки аз ду калимаи маъмули тоҷикии “рӯз” ва “нав” таркиб ёфтааст;

дувум, ҷашни Наврӯз маъмулан шаш рӯз аст ва дар панҷ рӯзи аввали он подшоҳон ниёзи мардуми ом, яъне мардуми одиро мебароварданд ва ҳоҷати онҳоро раво мекарданд;

севум, рӯзи шашум Наврӯзи бузург таҷлил мегардид ва дар ин рӯз подшоҳон хосонро ба ҳузур мепазируфтанд;

чорум, Наврӯзи нахустин, яъне рӯзи аввали Наврӯз ба эътиқоди гузаштагони мо аввалин рӯзи офариниш аст, рӯзест, ки фалак ба гардиш шуруъ кард;

панҷум, шаш рӯзи ҷашни Наврӯз, дар маҷмуъ, ба эътиқоди пешиниёни мо бастагӣ ба шаш рӯзи офариниш дорад, ки ҷаҳон дар шаш рӯз офарида шуд.

Берунӣ дар дигар асари маъруфаш “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор”, ки ҳарчанд ба забони арабӣ таълиф кардааст, вале дар маҷмуъ таърихномаи гузаштагони мост, дар робита ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз аз китобҳои Зодуя писари Шоҳуя, Хуршед писари Зиёр, Муҳаммад писари Баҳром писари Митёр ва қавли ҳамзамононаш маводи ҷолиберо гирд оварда, ба қазовати хонанда вогузор кардааст.

Масалан, дар фасли нуҳуми “Ёдгори мондагор”, ки дар бораи идҳову рӯзҳои маъруфи форсиён ҳикоят мекунад, мегӯяд, ки нахустин рӯзи фарвардинмоҳ Наврӯз аст ва вай аввалин рӯзи соли нав мебошад ва номи форсии он баёнгари ҳамин маънист ва ин рӯз дар рӯзгори қадим бо ворид шудани Офтоб ба бурҷи Харчанг (Саратон) мутобиқи зиҷҳои онҳо, ҳангоме ки солҳоро кабиса мекарданд, мувофиқ буд. Сипас, ба вақти омадани борону рустани сабзаву гиёҳон ва шукуфтану гул кушодани дарахтон, яъне ба бурҷи Барра (Ҳамал) дохил шудани Офтоб қарор гирифт. Берунӣ тавзеҳ медиҳад, аз ин ҷост, ки Наврӯзро далели пайдоишу офариниши ҷаҳон донистаанд ва гуфтаанд, дар ин рӯз буд, ки Худованд афлокро пас аз он, ки сокин буд, ба гардиш овард ва Офтобро барои он ки замон ва солу моҳу рӯз аз гардиши он шинохта шавад, офарид ва оғози шумориш аз ин рӯз шуруъ шуд. Ҳамчунин мегӯянд, дар ин рӯз буд, ки Худованд олами суфлӣ, яъне олами поинро офарид, ё дар ҳамин рӯз инсон офарида шуд ва ё нахустин подшоҳи олам – Каюмарс дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишаст ва Наврӯз ҷашни ӯст.

Вале бояд ин нуктаро таъкид кард, бар хилофи равише, ки ба мушоҳидаву таҷриба асос ёфтаву ба шахсияти илмии Берунӣ хос буд, бархе аз маводи дар бобати Наврӯз дар “Ёдгори мондагор” фароҳамкардаи ӯ ҷанбаи устуравию ривоятӣ доранд.

Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ бо истинод ба қавли Абдуссамад ибни Алӣ дар ривояте, ки вай ба бобои худ Абдуллоҳ ибни Аббос мерасонад, аз пайғамбари ислом дар бузургдошти Наврӯз нақли зерро ёдовар шудааст:

Гуфтаанд, ки дар рӯзи Наврӯз ҷоми нуқрае пур аз ҳалво барои пайғамбари ислом ҳадя оварданд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: Идона аз Наврӯз аст.

Фармуд: Оре, дар ин рӯз аст, ки Худованд аскараро зинда кард.

Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд: Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд. Худованд ба онҳо гуфт: “Бимиред”. Ва онон мурданд. Баъдан, абрҳоро амр кард, ки ба онҳо биборанд ва онҳоро зинда кард ва аз ҳамин ҷост, ки дар ин рӯз пошидани об расм шудааст. Сипас аз он ҳалво андаке хӯрд ва боқимондаро миёни саҳобагон қисмат карду гуфт: “Лайта лано кулла йавмин Навруз” (Кош ҳар рӯзе барои мо Наврӯз бошад).

Зимнан, метавон гуфт, ки дуои маъруфи наврӯзии мардуми мо – “ҳар рӯзатон Наврӯз бод” ба ҳамин сухани пайғамбари ислом “Лайта лано кулла йавмин Навруз” (Кош ҳар рӯзе барои мо Наврӯз бошад) беиртибот нест.

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар забони арабӣ калимаи “наврӯз”-ро маъмулан ба гунаи муарраби “нийруз” кор мебанданд, вале Берунӣ чунонки қаблан гуфтем, ҳарчанд “Ёдгори мондагор”-ро ба арабӣ таълиф кардааст, ин калимаро дар ин асар дар ҳамин шакли асл, яъне “наврӯз” кор бастааст.

Аз рӯзгори қадим дар байни мардуми мо дар ин рӯз расм аст, ки барои якдигар ҳадя мефиристанд ва Берунӣ дар “Ёдгори мондагор” сабаби онро бо истинод ба Озарбод – мубади Бағдод ба ошкор шудани найшакар дар рӯзи Наврӯз алоқаманд медонад. Ба ин маънӣ, ки рӯзи Наврӯз Ҷамшед дар канори об найеро дид, ки андаке аз обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд. Ҷамшед ангушт бар он бурд ва барои имтиҳон ба даҳон расонд ва чун донист, ки ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар сохтанд. Дар оғоз дар рӯзи Наврӯз мардум барои якдигар шакар ҳадя мефиристоданд.

Ё Берунӣ дар “Ёдгори мондагор” дар робита ба суннати об пошидан ва ҳадя фиристодан ба ҳамдигар ривояти дигареро ёдовар мешавад, ки чун Сулаймон ибни Довуд, алайҳиссалом, ангуштарии худро гум кард, подшоҳӣ аз дасташ берун рафт. Вале, пас аз чил рӯз дигарбора ангуштарии худро пайдо кард ва подшоҳӣ ба ӯ баргашт ва мурғон бар давраш гирд омаданд. Порсиён гуфтанд: “Наврӯз омад”, яъне рӯзи нав омад ва ин рӯз Наврӯз ном гирифт. Он гоҳ Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро ба ҳаво бардорад. Ҳангоми парвоз парастуе пеши рӯйи Сулаймон пайдо шуд, ки мегуфт: “Эй подшоҳ, сари роҳат маро ошёнест ва чанд тухм дар он аст, тағйири раҳ кун, то ошёнамро вайрон накунӣ”. Пас Сулаймон роҳашро дигар кард. Чун ба замин фуруд омад, парасту бо минқори худ қадре об оварда, ба рӯйи Сулаймон пошид ва ба вай як пойи малах ҳадя кард. Ва аз ҳамин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва ҳадя мефиристанд.

Берунӣ дар бобати аҷобатҳои Наврӯз аз Саид ибни Фазл нақл мекунад, ки кӯҳи Дано дар сарзамини Форс аст. Ҳар шаби Наврӯз бар он барқҳое медурахшад, хоҳ ҳаво соф бошад, хоҳ абр. Берунӣ дар идомаи ин матлаб бо таваҷҷуҳ ба равиши илмии худ меафзояд, ки ҳарчанд дили кас ба ин суханон то бо чашми худ набинад, бовар намекунад, Абулфараҷи Занҷонии Ҳосиб ба ман ҳикоят кард, ки ман ин барқро бо чашми худ дидам ва он оташест аз шамъҳои фаровони афрӯхта, ки аз бисёрӣ онҳоро наметавон ба шумор овард.

Ё Берунӣ дар бобати таърихи ниҳоят қадим доштани Наврӯз бо истинод ба қавли баъзе донишмандон тазаккур медиҳад, ки сабаби Наврӯз ном ниҳодани ин рӯз он аст, ки дар замони Таҳмурас соиба, яъне касони аз дини пешиниёни худ баргашта ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ҷашн гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз азиму бузург буд.

Матлаби охир, ки Берунӣ мегӯяд, Наврӯз пеш аз рӯзгори Ҷамшед ҳам “азиму бузург” буд, ҳамчунин далели равшани собиқаи дерини Наврӯз ва бузургию азамати он пеш аз замони подшоҳии Ҷамшед аст.

Берунӣ дар “Ёдгори мондагор” аз Наврӯзи аҳди Сосониён ёд карда, таъкид мекунад, ки расми Сосониён дар ин шаш рӯзи Наврӯз чунин буд, ки подшоҳ рӯзи нахустини Наврӯз бар тахт нишаста, ба мардум мунодӣ мефармуд, ки барои некӣ кардан ба онон ба подшоҳӣ расидааст. Рӯзи дувуми Наврӯзро подшоҳ бо деҳқонон якҷо таҷлил мекард. Рӯзи севумро бо сипоҳиёну бузургону мубадон ҷашн мегирифт. Рӯзи чорумро барои аҳли байт ва хосону наздикони худ ихтисос дода буд. Рӯзи панҷумро бо фарзандон ва рӯзи шашумро танҳо ё дар ҳалқаи азизтарину муътамадтарин шахсони худ таҷлил менамуд.

Дар хусуси ҷашни Наврӯзи бузург Берунӣ тавзеҳ медиҳад, ки рӯзи шашуми Наврӯз, яъне рӯзи хурдод – Наврӯзи бузург аст, ки пеши порсиён ҷашни бузургест ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз дар охири рӯзҳои шашгона аст ва дар ин рӯз Худованд Муштариро биёфарид ва фархундатарин соатҳои ин рӯз соатҳои Муштарист. Зардуштиён мегӯянд, ки дар ин рӯз Зардушт тавфиқ ёфт, ки бо Худованд муноҷот кунад. Кайхусрав дар ҳамин рӯз бар ҳаво уруҷ кард ва дар ин рӯз дар байни аҳли Замин бахту саодатро қисмат мекунанд ва аз ин ҷост, ки аҳли Аҷам ин рӯзро “рӯзи умед” ном мебаранд.

Дар робита ба расми об пошидан ба ҳамдигар дар рӯзи Наврӯз, ки бидуни шак ба муқаддас шумурдани об дар ойини гузаштагони мо бастагӣ дорад, Берунӣ аз пешиниёну ҳамзамононаш аз чандин ривоят нақли қавл кардааст:

Аз ҷумла мегӯяд, сабаби ин ки порсиён дар ин рӯз ғусл мекунанд, бастагӣ ба рӯзи Ҳурузо – фариштаи об марбут будани он аст. Аз ин ҷост, ки мардум дар ин рӯз вақти сапедадам аз хоб мехезанд ва дар оби ҷӯйу ҳавз худро мешӯянд ва барои дафъи офатҳо ба сару рӯйи худ об мепошанд.

Ё баъзе гуфтаанд, сабаб он аст, ки дар Эронзамин дер гоҳе борон наборид, ногаҳон борони сахт борид ва мардум онро муборак донистанд ва аз ин об ба якдигар пошиданд. Ва ин кор дар Эронзамин расмият ёфт.

Ва низ гуфтаанд, сабаби ин ки порсиён дар ин рӯз об ба ҳам мепошанд, ин аст, ки чун дар зимистон тани одамӣ ба касофати дуду хокистари оташ олуда мешавад, об ин олудагиро рафъ мекунад. Дигар ин ки об ҳаворо тоза мегардонад ва намегузорад, ки вабову дигар бемориҳо дар ҳаво тавлид ёбад.

Дар хусуси азамату бузургдошти Наврӯз Берунӣ сухани яке аз ворисони халифаи чорум Алӣ ибни Абутолиб – Алӣ ибни Мусо ар-Ризоро зикр кардааст. Тавзеҳан Алӣ ибни Мусо аз наздикони Маъмун ибни Ҳорунаррашид (786-833) – халифаи Бағдод буд. Маъмун модари тоҷики хуросонӣ дошт ва ба расму ойинҳои қадими Эронзамин арҷ мениҳод. Бино бар ин, аз Алӣ ибни Мусо дар бобати фазилати Наврӯз суол кард. Алӣ ибни Мусо фармуд: Наврӯз рӯзест, ки фариштагон онро азиз медоранд, зеро онҳо дар ин рӯз офарида шуданд. Ин рӯзро пайғамбарон азиз медоранд, зеро дар ин рӯз Офтоб офарида шуд. Ва ин рӯзро шоҳон азиз медоранд, зеро аввалин рӯз аз замона аст.

Тавзеҳан, Берунӣ аз назари илмӣ айёми Наврӯзро замоне медонад, ки Офтоб дар бурҷи Барра (Ҳамал) дохил мешавад ва ин оғози шукуфтанҳо, сарсабзиҳо ва эҳёи замину замон аст. Дар баробари ин, таъкид ба он дорад, ки дар рӯзгорони қадимтар соли нави гузаштагони мо оғози дигар дошт ва моҳи фарвардин аввали тобистон, моҳи тир аввали тирмоҳ, моҳи меҳр аввали зимистон ва моҳи дай аввали баҳор ба ҳисоб мерафт. Ин ба он маънист, ки дар он рӯзгор аввали моҳи фарвардин ба рӯзи инқилоби тобистонӣ (22 июн) мутобиқ меомад. Берунӣ ин иқдомро ҳам аз нигоҳи илмӣ раво дониста, дар ин замина тавзеҳ медиҳад, аз ин ҷиҳат барои оғози сол гузаштагон инқилоби тобистониро интихоб карданд, ки таъйини инқилобҳои тобистонию зимистонӣ, яъне гаштани тобистонию зимистонии Офтоб аз эътидолҳои баҳорию тирамоҳӣ, яъне баробарии баҳорию тирамоҳии шабу рӯз бо ёрии олати нуҷумӣ ва чашм осонтар аст. Бо вуҷуди ин, порсиён аз рӯзгори қадим эътидоли баҳориро оғози сол қарор доданд, ки реша бар дониши амиқи ситорашиносӣ ва гоҳшумории мардуми куҳанбунёди мо дорад.

Дар робита ба ҷаву гандуми нешзада, ки то ба имрӯз рамзи Наврӯзу фаровонҳосилист ва суманаки наврӯзӣ аз шираи он пухта мешавад, Берунӣ дар “Ёдгори мондагор” нақли ҷолиберо ёд карда, ибтидои онро ба рӯзгори Ҷамшед пайванд медиҳад. Фишурдаи нақли ӯ ҳамин аст, ки Иблис файзу баракатро аз байни одамиён бурд ва қаҳту хушксолӣ ба миён овард ва наздик шуд, ки ҷаҳон нобуд гардад. Пас, Ҷамшед бо амри Худованд ва раҳнамоии ӯ ба қасди ҷойгоҳи Иблису пайравонаш ба самти ҷануб рафт ва дер гоҳ он ҷо бимонд, то бар Иблис пирӯз омад. Он гоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷамшед дар ин ҳангом мисли Офтоби нурбор ба назди мардум баргашт ва аз баракати ӯ ҳар гиёҳе, ки хушкида буд, сабз гашт. Ва мардум аз ин фоли нек гирифтанду гуфтанд: “Рӯзи нав”. Ва ҳар касе аз роҳи табаррук он рӯз дар таште ҷав ё донае дигар кошт. Баъдан ин расм дар байни порсиён ба ҳукми анъана даромад ва рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт навъи ғалла дар ҳафт устувона, яъне ҳафт табақи рӯйи ҳам бикоранд ва аз чигунагии рӯйидани ин донаҳо хубию бадии зироат ва ҳосили солро пешбинӣ намоянд.

Абурайҳони Берунӣ аз ҷашнҳои қадими миллии мо, чунонки дар боло ҳам ишора рафт, ба Наврӯз ва Меҳргон муҳаббату дилбастагии хос дошт. Ҳамин аст, ки дар навиштаҳояш Наврӯзу Меҳргонро чунонки Офтобу Моҳтоб чашми фалаканд, чашми замон ба шумор овардааст. Илова бар ин, дар фазилату азамати ин ду ҷашни аҷдодӣ қавли Салмони Форсиро далел меорад, ки фармуда буд: “Мо дар аҳди порсиён мегуфтем, ки Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон офарид. Ва фазилати ин ду (яъне, Наврӯзу Меҳргон) бар рӯзҳо монанди фазилати ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар”.

Ҳамчунин аҳли таҳқиқ бар инанд, ки Берунӣ дар тамоми сол танҳо ду рӯз – рӯзи аввали Наврӯз ва рӯзи аввали Меҳргон ба хотири таҷлили ин ҷашнҳо аз таҳқиқу таълифи илмӣ андак фориғ мешуд. Ин матлаб ҳам гувоҳи равшани эҳтирому арҷгузории ӯ ба ойинҳои қадиму асили мардуми мост.

Ёдкарди Берунӣ аз Наврӯз ва нақлу ривоятҳои марбут ба он, дар асарҳои Берунӣ, бегумон, ба муҳаббату садоқат ва алоқаи шадиди ӯ ба ин ҷашни суннатии мо пайванд мехӯрад.

Дар маҷмуъ, эҳтирому эътироф ва арҷгузории Берунӣ ба Наврӯзи Аҷам ва дигар ойинҳои миллӣ ба асолати миллию ориёӣ ва садоқату муҳаббати фаровони ӯ ба сарзамини аҷдодӣ ва таърихи пуршукӯҳи он пайванди ногусастанӣ дорад ва ба назар чунин мерасад, ки садои ифтихори алломаи Хоразм ва дуои наврӯзии ӯ аз умқи асрҳои пешин моро ба азизу гиромӣ доштани ин муқаддасоту дороиҳои ҳувиятсоз дар рӯзгори имрӯзаи давлатдории миллӣ даъват мекунад ва ҳамвора ба худшиносию худогоҳии миллӣ фаро мехонад.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БЕРУНӢ ВА НАВРӮЗИ АҶАМ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО