12 Jun 2025
Submitted by Admin
78

Замони зиндагӣ ва фаъолияти адабии Ҳофиз ба даврае рост меояд,ки Эрону Осиёи Марказӣ акнун аз ҳамлаи хонумонсузи муғул раҳида, як марҳилаи эҳёи фарҳангу адаб дар ин сарзамин оғоз гардида буд. Ин давра, ки ҳафтод сол бештар идома дошт, дар рушди забони тоҷикӣ нақши бузурге дорад. Тавре ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Забони миллат-ҳастии миллат” мефармояд: “Шахсиятҳои намоён, шоирон, нависандагон ва адибони машҳури ин давра Хоҷуи Кирмонӣ, Убайди Зоконӣ, Салмони Соваҷӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Ямин ва дигарон буданд, ки саҳму нақши онҳо дар рушди адабиёт, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ва дигар форсизабонон чашмрас аст.”[12, 45]

Дар ин давра шаҳрҳои Ҳирот, Сабзавор, Бағдод, Табрез, Шероз, Кирмон, Исфаҳон ва Язд обод гардида, ба марказҳои муҳимми илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтанд. Шоирону адибон имкон пайдо карданд, ки асарҳои ҷолибе офаранд ва ба ин ё он ҳоким пешкаш намоянд. Намояндагони илму адаб ва шоирони маъруфе монанди Ибни Ямин дар дарбори амирони сарбадори Сабзавор, Хоҷуи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Абуисҳоқи Атъима аз шоирони ин давраанд. Дар илми забоншиносӣ ҳам донишмандоне пайдо шуданд, ки Мирсаид Шарифи Ҷурҷонӣ дар сарфу наҳв ва истилоҳоти суфиёна, Фирӯзободӣ - муаллифи қомуси арабӣ, Қозӣ Аизуддин - аҳли калом ва устоди наҳви Шоҳ Шуҷоъ аз ин ҷумлаанд.

Шоирону адибон дар ин давраҳои адабӣ гирд омада, ба қавли Эдуард Браун «...баъд аз суқути давлати муғулҳо ва қабл аз ҳуҷуми Темури тоторӣ барои шуаро аз ҳар тараф майдони васеъ барои ҷавлон ва худнамойӣ фароҳам омада буд».[11, 284] Чунонки гуфтем ин марҳалаи тахминан ҳафтодсолаи таърихӣ абармардони илму фарҳангро ба вуҷуд овард, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар миёни он ҳама ситорагон аз ҳама тобонтару рахшандатар аст. Ба ғайр аз ин шахсияти адабӣ боз чанд тан аз суханваронро метавон ном бурд, ки дар густариши илму адаб ва фарҳанг саҳми босазое гузоштаанд. Онҳо дар тарзи баёни калом ва фасоҳати суханварӣ якдигарро такмил додаанд. Ба ин доираи адибон Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Абуисҳоқи Атъима, Ибни Ямин ва Салмони Соваҷӣ ворид шуда, ҳар яке дар мақоми хеш мартабаи баланди шоирӣ доштанд.

Тавре ки Эдуард Браун хусусиятҳои хоси эҷодиёти намояндагони барҷастаи ин давра дар ғазалсароӣ таъкид мекунад: «Ҳарчанд ҳар сеи онҳоро (Хоҷуи Кирмонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Имоди Кирмонӣ) тарзи сухан холӣ аз шабоҳат нест, лекин набояд фаромуш кард, ки аввалӣ (Хоҷуи Кирмонӣ) сиву ҳафт сол ва дувумӣ (Имоди Кирмонӣ дар назар аст) ҳаждаҳ сол қабл аз Ҳофиз вафот ёфтаанд. Ва аз ин қарор онҳо роҳро барои зуҳури ашъори баланди ӯ ҳамвор кардаанд. Ва азамату бузургии севумӣ, яъне Камолро, худи Ҳофиз, ки бо ӯ муосир буда, то ҳадде дар ин байт гувоҳӣ дода:

Чун ғазалҳои тару дилкаши Ҳофиз шунавад,

Гар Камолеш бувад, шеър нагуяд ба Хуҷанд».[11, 286]

Ҳамин тариқ, Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофиз (1325-1389) аз баргузидатарин суханварони ин давр ва яке аз беҳтарин адибони тоҷик ва кулли форсизабонони олам мебошад. Ашъори баландпарвозаш ӯро ҳануз дар даврони зиндагиаш бо лақабҳои «Лисонулғайб» ва «Ҷаҳонуласрор» машҳур гардонида буд. Ӯ ба ин мазмун дар як байташ ишора мекунад:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мегуянду мерақсанд

Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.

Ё:

Шаккаршикан шаванд ҳама тутиёни Ҳинд

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад. [12, 47-59]

Шуҳрати Хоҷа Ҳофиз дар даврони зиндагии ӯ ба андозае будааст, ки ӯ на танҳо дар дарбори мулуки Музаффарии Шероз, балки бо сулолаи Атобакони Бағдод (Султон Аҳмад ибни Увайси Ҷалоирӣ) робитаҳои наздик доштааст. Ин подшоҳ, ки худ шоиру мусиқишинос ва наққошу ҳунарпеша будааст, бисёр мехостааст, ки Ҳофизро ба дарбори худ ҷалб кунад. Вале ба гуфтаи худи Ҳофиз:

Намедиҳанд иҷозат маро ба сайру сафар

Насими хоки Мусаллову оби Рукнобод.

Шоирро ду подшоҳи Ҳинд: яке Маҳмудшоҳи Баҳмании Даканӣ аз сулолаи Баҳманиёни Ҳинд ва дигаре Султон Ғиёсуддин ибни Султон Искандари Банголӣ ба сафари Ҳинд ташвиқ карда, маблағи сафари ӯро пардохтанд. Вале ин даъватҳо бенатиҷа монданд ва Хоҷа Ҳофиз бо сабабҳои гуногун ба Ҳинд сафар карда натавонист, аммо дар мадҳи ин подшоҳон ғазалҳое эҷод карда фиристод. Мегуянд, яке аз сабабҳо ин будааст, ки дар роҳи сафар ба Ҳинд бо дӯсташ вомехурад, ки хеле дар муҳтоҷиву нодорӣ зиндагӣ мекардааст ва маблағи харҷи сафари Ҳиндро ба ӯ дода, аз роҳи сафар баргаштанӣ мешавад. Вале боз ҳам бо хоҳиши дӯстону дӯстдорони ашъораш ба киштӣ менишинад, вале дар ин ҳангом туфони шадиде бармехезад ва шоир ба Шероз бармегардад.

Ҳофизи Шерозӣ баъд аз вафот дар Шероз, дар боғе, ки имрӯз ба номи Ҳофизия маъруф аст, дафн шудааст. Оромгоҳи ӯ аз мақбараи зебое иборат аст, ки онро нахуст Абулқосим Бобур яке аз шоҳзодагони Темуриён бунёд ниҳод, ки он ба соли 1452 рост меояд. Баъдан бо супориши Каримхони Занд – подшоҳи Форс онро тармим намуда, болои он санги мармар гузоштанд, ки дар вай чанд байти як ғазали маъруфи шоир, аз ҷумла байти зер сабт шудааст:

Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам,

Тоири қудсаму аз доми ҷаҳон бархезам.

Эмомалӣ Раҳмон, пешвои тоҷикони ҷаҳон дар асари худ «Забони миллат-ҳастии миллат» дар китоби дувум бо номи «Забон ва замон» дар бораи фаъолияти эҷодии Ҳофиз маълумоти муфассал додааст. Дар бораи кору рӯзгори Хоҷа Ҳофиз ҳам дар кишварҳои форсизабон ва ҳам берун аз он пажуҳишҳои зиёде анҷом гирифтааст[2,3,4,7,12]. Вале «Шеър-ул-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ, ки ба забони урду навишта шудааст, шояд яке аз муфассалтарин ва комилтарин таҳқиқот оид ба Ҳофиз ва эҷодиёти ӯ бошад. [10]

Ҳарчанд забони назм ва махсусан забони ғазал барои истифодаи вожаҳои якмаъно ва бавижа истилоҳоти илмӣ маҳдудиятҳо дорад, вале дар осори Ҳофиз истифодаи истилоҳоти илмӣ зиёд ба чашм мехурад. Забони ғазалҳои Ҳофиз дар баробари хеле хаёлангезу образнок будан, саршор аз истилоҳоти илмии соҳаҳои гуногун аст. Бояд гуфт, ки дар баробари истифодаи вожаҳои сершумори якмаъно дар ғазалҳои Ҳофиз сермаъноии вожаҳо низ зиёд вомехурад. Забони назми Ҳофиз саршор аз вожаҳои гуногунмаъност, ки онҳо бо маъноҳои мухталиф дар ашъори Ҳофиз корбаст шудаанд. Вале дар ҳолатҳое, ки моҳияту маъноҳои мушаххас дар шеър пайдо мешавад, Хоҷа Ҳофиз аз вожаву истилоҳоти дақиқ сарукор мегиранд. Масалан Ҳофиз дар баёни номи забони худ аз истилоҳи “дарӣ” истифода мекунад. Ин бори дигар исбот мекунад, ки бузургони мо байни “порсӣ” ва “дарӣ” фарқ намегузоштанд:

Зи ман ба ҳазрати Осаф кӣ мебарад пайғом,

Ки ёд гир ду мисраъ зи ман ба назми дарӣ.

Дар ин байн вожаҳои “мисраъ” ва “назм” корбаст шудааст, онҳо истилоҳоти адабиётшиносон мебошанд.

Ба ҷуз аз ибораи “назми дарӣ” барои ифодаи забони ашъори хеш Хоҷа Ҳофиз аз ибораи “қанди порсӣ” истифода карда аст:

Шакаршикан шаванд ҳама тутиёни Ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Дар ғазалҳои Ҳофиз истилоҳоти суфиёна низ зиёд корбаст шудааст. Вожаҳое ба монанди суфӣ, тариқат, зуҳд,илм, тақво ҳамчун истилоҳоти ифодакунандаи мафҳумҳои суфиёна истифода гардидаанд. Масалан, вожаҳои “зоҳид” ва “суфӣ” дар ин байти Ҳофиз истифода шудаанд, ки истилоҳоти “зоҳид” бо таркиби ҳарфҳои худ мавриди шарҳи истилоҳӣ гардидааст:

Дидӣ, дило, охири пириву зуҳду илм,

Бо ман чӣ кард дидаи маъшуқабози ман.

Ё:

Дар савмаа зоҳиду дар хилват суфӣ,

Ҷуз гӯшаи абруи ту меҳроби дуо нест.

Дар ин байт ба қавли Низомуддин Тиронии Қандаҳории Пушангӣ вожаи зоҳид аз лиҳози таркиби алифбо аз тарафи аҳли тасаввуф ва ирфон чунин тавсиф мешавад: “Зоҳид” – шахси берағбату беорзу ва гушанишину тарик (тарккарда)-и дунёро гуянд ва зоҳид мурод аз риояти маънии чаҳор ҳарф аст: яъне аз зо(ذ )-и зинат тарк гирифтан ва аз алиф (/) охират ҷустан ва аз ҳо (ه)- ҳавои нафс бозмондан ва аз (د)- дунёро дар талаби висоли маҳбуби ҳақиқӣ се талоқ додан, он гоҳ ӯро зоҳид тавон хондан. Ва дар ҳақиқат зоҳид он аст, ки на аз иқболи дунё масрур ва на аз адбори ӯ малул гардад. [5, 114]

Дар баъзе ҳолатҳо Хоҷа Ҳофиз ҷузъро ба ҷои кулл истифода кардааст, ки аз навъҳои сермаъноӣ дар забоншиносӣ аст. Он аслан дар забони омма хеле маъмул аст. Дар ин байтҳо Хоҷа Ҳофиз вожаи “осмон”-ро ҳам ба маъно “худованд” ва ҳам ба маънои “ҷои фариштаҳо” истифода кардааст:

Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, эй шамъ,

Ки ҳукми Осмон ин аст, агар созиву гар сӯзӣ.

Осмон бори амонат натавонист кашад,

Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.

Ё ин ки вожаи “моҳ” дар ашъори Хоҷа Ҳофиз ба маъноҳои “маъшуқа”, “чеҳраи зебо”, “моҳҳои дувоздаҳгона” истифода шудааст:

Ба маънои “маъшуқ” ва рӯй, чеҳраи маъшуқ:

Моҳи хуршеднамояш зи паси пардаи зулф,

Офтобест, ки дар пеш саҳобе дорад.

Моҳи дувоздаҳгона:

Моҳи шаъбон манеҳ аз даст қадаҳ, к-ин хуршед,

Аз назар гум то шаби иди рамазон хоҳад шуд.

Вожаи “турк” дар ашъори ғазалсароёни тоҷику форс истеъмоли васеъ дошта, дар баробари вожаи “тоҷик” (ғайритурк, бавижа эронӣ) [8, 546] ба маънои қавми “турк” (ақвоми Осиё, ки ба забони туркӣ такаллум мекунанд) [8, 599] ба таври васеъ истифода мешавад. Ин вожа дар ғазалиёти Ҳофиз бештар ифодагари маҳбуба, маъшуқа ва дӯстдор мебошад, яъне дар ин ҷо манзур аз истеъмоли вожаи “турк” ҷанбаҳои маҷозии маънои он чун зеборӯй, сафедпӯст, хунхор, бераҳму шафқат мебошад. Тобишҳои маъноии вожаи турк ҳамчун вожаи сермаъно дар фарҳангҳо ба маънои “зеборӯй” , сафедпӯст, маъшуқ, ғоратгар, ҷанговар, ҷанҷӯй аст:

Турки мо сӯйи кас наменигарад,

Оҳ, аз ин кибриёву ҷоҳу ҷалол.

Дар ин байт “турк” ба маънои маъшуқа, маҳбуба омадааст. Ё ибораи “турки паричеҳра” ба маънои зеборӯй, хубчеҳр:

Он турки паричеҳра, ки дӯш аз бари мо рафт,

Оё чӣ хато дид, ки аз роҳ хато рафт.

Дар байти дигар ибораи “турки дилсиёҳ” маҷозан ба маънои “чашми маъшуқ” омадааст:

Дилам зи наргиси соқӣ амон нахост ба ҷон,

Чаро ки шеваи он турки дилсиёҳ донист.

Ё дар ин байт, ибораи “турки ошиқкуш” барои ифолаи хислати маҳбуба омадааст:

Турки ошиқкуши ман маст берун рафт имрӯз,

То дигар хуни кӣ аз дида равон хоҳад буд.

Дар ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз ин вожа хеле серистеъмол буда, “турки шерозӣ”, “турки лашкарӣ”, “турки самарқандӣ” ибораҳои машҳури Хоҷа Ҳофизанд, ки сифати маҳбубро инъикос мекунанд. [4, 15-45]

Хусусиятҳои забони ғазалҳои Ҳофиз ҳамеша таваҷҷуҳи пажуҳишгаронро ба худ ҷалб намуда, дар ин робита корҳои тадқиқотии зиёд анҷом гирифтаанд. Ҳатто дар кишварҳои хориҷии дуру наздик осори ӯ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Таъсири ғазалҳои Ҳофиз ба ашъори шоирони дигари тоҷик ва форсизабонон ба ҳамагон маълум аст.

Дар ғазалҳои Ҳофиз забони ширину шевои тоҷикӣ дурахши тоза пайдо карда, мавзуъҳои гуногун, аз қабили васфи хонавода, ишқу ошиқӣ (ҳам аслӣ ва ҳам рамзӣ), тавсифи шароб ҳамчун давои ғамбарор, ташвиқи риндиву ҷавонмардӣ тавсиф мешаванд. Бинобар сабки шево, салосат ва зебоии забони ғазалҳои Ҳофиз онҳо дар санъати мусиқии мардуми мо васеъ ҷой гирифта, як бахши муҳимми мусиқиро ташкил медиҳад. Масалан, дар силсиламақомҳои «Шашмақом» аз ашъори Ҳофиз хеле зиёд истифода шудааст, ки он ба муҳаққиқон маълум аст. [9, 151-160] Дар ҳақиқат миёни ҳофизони халқӣ низ ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ маҳбубияти бештарро соҳиб мебошанд.

Пажуҳишгарон дар бораи ашъори дилангези ӯ таъкид мекунанд, ки «Хоҷа мусиқӣ медониста ва шеъри вайро беҳтар аз ҳар шоири дигар метавон дар мусиқӣ гузошт».[1, 97] Худи Ҳофиз гоҳ-гоҳе дар сурудаҳояш аз хушовозиву даст доштан ба мусиқиву асбобу сози он ишора мекунад:

Зи чанги Зуҳра шунидам, ки субҳдам мегуфт:

«Ғуломи Ҳофизи хушлаҳҷаи хушовозам».

Ҳофиз дар ғазалиёти худ аз истилоҳоту вожаҳои марбут ба мусиқӣ ба таври фаровон ва бо камоли устодиву ҳунармандӣ истифода кардааст. Як бахши ин истилоҳот ба монанди зер, бам, зарб, мизроб, хунёгар, гулбонг, парда, тарона, дастон, хушилҳон, соз, наво, рубоб, чанг, най, танбур имрӯз ҳам таркиби мусиқии моро ташкил дода, ба ҳама фаҳмоанд. Вале як бахши дигар, ба монанди абрешим (тори соз, тори асбобҳои мусиқӣ), паҳлавӣ (номи нағма), самоъ (рақсу суруд, ваҷд), зарби усул (бо усул дастак ва ангуштак задан), хусравонӣ (яке аз оҳангҳои қадим), сафир (овоз, овози булбул), раг харошидан (киноя аз торро ба садо овардан) истилоҳҳои хоси давраи Ҳофизу замони пешин буда, имрӯз то ҷое аз истеъмол берун мондаанд:

Мутрибо, парда бигардону бизан роҳи Ироқ,

Ки бад-ин роҳ бишуд ёру зи мо ёд накард.

Ё:

Ҳадиси ишқ, ки аз ҳарфу савт мустағнист,

Ба нолаи дафу най дар хурӯшу валвала буд.

Ё:

Чу ғам лашкар орад, биёро сафе

Ба чангу рубобеву нойу дафе.

Дар ғазалҳои ба табиат бахшидаи Ҳофиз вожаву ибораҳои асили тоҷикӣ ба таври фаровон истифода шудаанд. Таваҷҷуҳ ба зебоиҳову манзараҳои табиат, васфи рангу бӯй ва тасвири баҳору гулафшонии он дар эҷодиёти Ҳофиз ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ӯ дар тасвиру инъикоси лаҳзаҳову лавҳаҳои рангини манзараҳои табиат дасти тавоно дошта, дар ин сурудаҳо вожаҳои баҳор, гул, сабза, мужда, булбул, бунафша, маҳваш, бӯстон, боғ зиёд вомехуранд:

Кунун, ки дар чаман омад гул аз адам ба вуҷуд,

Бунафша дар қадами ӯ ниҳод сар ба суҷуд.

Ба боғ тоза кун ойини дини зардуштӣ,

Кунун, ки лола барафрӯхт оташи Намруд.

Ё:

Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид,

Вазифа гар бирасад, масрафаш гул асту набид.

Зи рӯйи соқии маҳваш гуле бичин имрӯз,

Ки гирди орази бӯстон хати бунафша дамид.

Дар аксар ҳолат инъикоси манзараҳои табиат, фасли баҳору руидани гул, боди сабо ва ғайра хусусияти рамзӣ гирифта, ба ин васила ӯ ақидаҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва риндиву ирфонии хешро тараннум намудааст.

Шоир дар мадҳи шоирону дарбориён ва шахсиятҳои алоҳида ғазалҳо сурудааст. Пажуҳишгарон бар ин ақидаанд, ки фарқи ӯ аз дигар мадҳиясароён дар он аст, ки вай ҳеҷ вақт барои дастёбӣ ба молу сарват ва касби маош ба мадҳиясаройӣ майл надошта ё ҳеҷ вақт дар сурати ҳосил нашудани моле ё сарвате бар ивази мадҳияи худ тарафи дигарро мавриди мазаммату ҳаҷв қарор надодааст. Аз тарафи дигар, ӯ ба зодгоҳи худ – шаҳри Шероз, дилбастагии амиқе дошта, доимо «Канори оби Рукнободу гулгашти Мусалло»-ро аз ҳама сарвати дунё афзал медонистааст. Инчунин ғазалҳои дилошӯби шоир дар васфи маю маъшуқа, гулу булбул хусусияти рамзиву маҷозӣ доранд.

Девони Ҳофиз тайи садсолаҳо ба сифати китоби дарсӣ барои мардуми мо хидмат намудааст. Имрӯз ҳам қолабҳои калимасозӣ ва иборапардозии Ҳофиз намунае барои вожагони ноби забони модарии мо ҳисоб меёбанд. Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи девони ӯ фармудааст: «Вай лисонулғайб ва тарҷумон-ул-асрор аст…», «ҳеҷ девон беҳ аз девони Ҳофиз нест…». Дар бораи забони ғазалҳои ӯ дар «Баҳористон» мегӯяд: «Тамоми девони ӯ матбуу мақбул аст, ба латофату салосати сухани ӯ ҳеҷ кас нест, девони вай машҳур аст ва ба забонҳо мазкур». [2, 137-149] Дар маснавии «Сабҳат-ул-аброр» Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизро аз рӯйи салосати сухану суханварӣ дар қатори Фирдавсӣ, Низомӣ, Хоқонӣ, Анварӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ гузошта, ӯро соҳиби мактаби хоси адабӣ донистааст:

Ҳофиз аз назми баландовоза

Сохт ойини суханро тоза.

Абдураҳмони Ҷомӣ ба бештар аз бист ғазали Ҳофиз тазмин бастааст. Вожагону таъбирҳои Ҳофиз дар ашъори шоирони ғазалсарои баъдӣ хеле зиёданд. Масалан, дар ашъори Ҷомӣ вожаву таъбиру ибораҳое чун турки ошиқкуш, ҷавҳари фард, масти бода, кӯйи муғон, аз дида равон шудан, хуни дилро дидан мумкин аст, ки дар зери таъсири байтҳои Ҳофиз аз ашъори ӯ ба миён омадаанд:

Ҳофиз:

Кай шеъри тар ангезад хотир, ки ҳазин бошад,

Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.

Ҷомӣ:

Гар шеъри хушат бояд, хуш кун дили Ҷомиро,

Хотир, ки ҳазин бошад, кай шеъри хуш ангезад.

Ё дар робита ба байти маъруфи Ҳофиз:

Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Мавлоно Ҷомӣ мефармояд:

Ҳар ҷо, ки рафт заврақи Ҳофиз ба баҳри шеър,

Ҷомӣ, сафинаи ту зи дунбола меравад.

Назми ту меравад зи Хуросон ба шоҳи Форс,

Гар шеъри ӯ зи Форс ба Бангола меравад.

Тавре аз ин намунаҳо маълум мешавад, вожа, ибораву таркибҳои шеъри Ҳофиз дар ғазалҳои тазминии Ҷомӣ ба таври равшан ба монанди сафина, дунбола, чаман, жола, лола, майгун, лаб, Бангола, бода истифода шудааст.

Ҳофизи Шерозӣ дар ҳама навъҳои шеър, аз қабили қасида, рубоӣ, маснавӣ ва ғайра аз худ осори гаронбаҳое гузоштааст. Вале ӯ устоди ғазал буда, ҳунари ғазалсаройиаш ба арши аъло расида будааст. Суханварони дигар, ки баъд аз ӯ ба майдон омадаанд, ба монанди Соиб, Урфӣ ва дигарон, ҳарчанд табъи олии ғазалсароӣ доштаанд, аммо осори онҳо ба пояи ғазалҳои Ҳофиз нарасидаанд. Барҳақ, Президенти кишвар, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар асари худ «Забони миллат-ҳастии миллат, китоби 2. Забон ва замон» мефармояд:

«Асри Ҳофизро метавон давраи авҷу камолоти ғазалсаройӣ дар адабиёти тоҷик донист. Дар ин давра мавзуи ғазал аз васфи ишқ ё ишқиясароӣ, ки дар эҷодиёти ғазалсароёне чун Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ бештар вомехурад, фаротар рафта, дар ашъори Ҳофиз хусусияти фалсафӣ, ирфонӣ ва иҷтимоӣ (шикоят аз нопойдории ҷаҳон, сарнавишту азалият) пайдо мекунад. Ашъори Ҳофиз бо ғазалҳои пешгузаштагон ва ҳамасронаш, ба монанди Саъдӣ, Хоҷу ва Салмони Соваҷӣ монандиҳое низ дорад. Аммо ин монандиҳо дар ашъори Ҳофиз сайқал ёфта, такмил гардидаанд». [12, 59]

Адабиёт

Алии Даштӣ. Нақше аз Ҳофиз. Нашри савум, - Теҳрон, 1339//1961.

Афсаҳзод А. Ҳофиз ва Ҷомӣ// Ҷашнномаи Ҳофиз. – Душанбе, 1971.

Девони Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофиз (Ба тасҳеҳ ва тавзеҳи Парвиз Нотили Хонларӣ. – Теҳрон, 1362//1984.

Муҳаммаддовуд Саломиён. Вожагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV.- Душанбе, 2020.

Низомуддин Тиронии Қандаҳории Пушангӣ: Қавоид-ул-урафо ва одоб-уси-шуаро (фарҳанги истилоҳоти ирфон ва шоирон) (Бо этимоми Аҳмади Муҷоҳид).- Теҳрон, Сурӯш, 1376.

Саломов М. Вижагиҳои савтӣ, маъноӣ ва маҷозию фразеологии забони шеъри тоҷикӣ (дар асоси ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV). – Душанбе, 2017.

Саъдулло Асадуллоев. Баъзе истилоҳоти мусиқӣ ва суруду навоҳо дар ашъори Ҳофиз. – Душанбе, 1975.

Фарҳанги фишурдаи сухан (ба сарпарастии доктор Ҳасан Анварӣ) ҷилдҳои 1 ва 2.- Теҳрон: Сухан, 1385.

Шаҳобов Т. Ҳофиз дар Шашмақом // Ҷашнномаи Ҳофиз. – Душанбе, 1971.

Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-Аҷам, иборат аз панҷ ҷилд. – Душанбе, 2016; Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-Аҷам ё адабиёти манзуми Эрон, тарҷумаи Саид Муҳаммад Фахрудоии Гелонӣ. – Теҳрон, 1314//1936.

Эдуард Браун. Таърихи адабии Эрон. – Теҳрон, 1339//1961, ҷилди 3.

Эмомалӣ Раҳмон.Забони миллат-ҳастии миллат. Китоби 2. Забон ва замон.–Душанбе, 2021.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО