Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
14 Nov 2025
Submitted by Admin
13

Таҳти ҳамин унвон, имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарият ва ходимони илмии Институт ширкат варзиданд.

Семинарро муовини директори Институт, номзади илмҳои филологӣ, Муҳаммадиев Шамсиддин ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуданд. Қайд карда шуд, ки истиқбол аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. “Ин ҷашни ҳумоюн ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад” – изҳор дошт мавсуф.

Сипас, ходими калони илмии шуъбаи таърихи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Давлатова Холида дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар пешрафти адабиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ”, ходими хурди илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот Давлатов Фирдавс дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари фарҳанги миллӣ” ва ходими хурди илмии шуъбаи фолклор дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ” маърузаҳо ироа намуданд.

Сухангӯён аз хизматҳои бемисли Пешвои миллат ба мисли арҷгузорӣ ба арзишҳои адабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқу таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар гардиданд.

Дар поёни чорабинӣ ходими пешбари шуъбаи забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ Тураев Бурҳониддин (Сурурӣ) шеъри иншонамудаи хешро қироат намуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО