Error message

Notice: Undefined variable: layout_width в функции include() (строка 18 в файле /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
22 Sep 2025
Submitted by Admin
17

Имрӯз, 22 сентябр дар толори Лоиқи шаҳри Панҷакент ба муносибати гиромидошти Рузи Рӯдакӣ конференсияи илмии байналмилалӣ дар мавзӯи "Рӯдакӣ ва эҳёи фарҳанги тоҷикон" оғоз ба кор кард. Конференсия мазкур бо ташаббуси Донишкадаи омӯзгории Панҷакент, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдаки АМИТ ва Бунёди Рӯдакӣ баргузор гардид.

Конференсияро муовини Раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ ифтитоҳ намуда, сипас Муаззамхон Ансорӣ- ректори донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор Абдунабӣ Сатторзода- раиси бунёди Рӯдакӣ, Шамсиддин Муҳаммадиев - муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Мубашшир Акбарзод-ходими калони илмии шуъбаи адабиёти классикӣ, Беҳрӯзи Забеҳулло -мудири шӯъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, профессор Шодмон Воҳидов-муовини ректори донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат гузоришҳои илмии хешро пешниҳод намуданд. Шоир Исмоил Зарифӣ дар поёни конференсия шеъри тозаэҷоди худро дар бораи Рӯдакӣ қироат намуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО