02 May 2025
Submitted by Admin
18

Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири сулҳпарвар ва фарзанди содиқу сарфарози Ватан устод Мирзо Турсунзода мебошад. Ин рӯзи муборак ҳамасола дар осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад. Чун анъана имрӯз (02.05.2025) ҳам 114 солагии устод дар хона музеи эшон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар осорхона маҳфили адабӣ бо иштироки кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, устодону донишҷӯёни донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишвари дӯсту ҳамсояи мо Афғонистон барпо гардид.

Дар маҳфил Амирхуҷа Абдураҳимов-раиси Осорхонаҳои муттаҳидаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Қурбон Маҷидов устоди ДДОТ, Тиллои Некқадам фарҳангшинос, Беҳрӯзи Забеҳулло мудири шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ, Профессор Шоҳзамон Раҳмонов, нависандаи халқии Тоҷикистон Зариф Ғулом, Нозим Нурзода фарҳангшинос, Яъқуби Ясно адабиётшинос ва мунаққид дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода мулоҳизоти хешро баён карданд.

Дар идомаи маҳфили бузургдошт китоби тозанашр адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода "Мирзо Турсунзода - шоири миллӣ ва байналмилалӣ" муаррифӣ гардид.

Дар интиҳо кормандони осорхона ва донишҷӯени донишгоҳҳо аз ашъори устод Мирзо Турсунзода порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО