Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
28 Apr 2025
Submitted by Admin
40

Иштирокчиёни курси Зан Сарвар аз Осорхонаи бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд. Таассуроти зиёди мусбат ва дониши зиёди таърихӣ ин чорабиниро хеле дилнишин ва хотирмон гардонид.

Бояд гуфт, ки осорхона хеле аз маводи бостоншиносии нодир бой буда, барои ёдовар гардидан аз давраҳои таърихии ташаккули миллати тоҷик ва саҳми он дар рушду нумӯи тамаддуни минтақаву ҷаҳон аҳамияти зиёд дорад.

Воқеан, ёдгориҳои таърихии осорхона аз меҳнату эҷоди аҷдодон, донишу ақлу заковати онҳо ва диди амиқи эстетикии ниёгонамон маълумоти дақиқ дода, барои таҳкими хештаншиносии бинандагон таъсири зиёд дорад.

Дар замина иштирокчиёни курс тасмим гирифтанд, ки фарзандону азизонашонро барои огоҳӣ аз ин бойгонии муҳими таърих ва тамаддуни миллат ташвиқу тарғиб намоянд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО