30 Aug 2026

ОМИЛҲОИ ТАКОМУЛИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Submitted by Admin
489

Истиқлол на танҳо соҳибихтиёриву озодии давлат, ҳудуд ва мардумони он аст, балки раҳоӣ аз сукути андешаи мустақил ҳам мебошад. Яъне истиқлоли фикрист, ки андешаи мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ҳуқуқӣ аз он сахт вобаста аст. Истиқлоли фикрӣ пояи ягонаи матонату мустаҳкамии ватану миллат ва масъалаи меҳварии давлати миллӣ буда, решаву шохаҳои зиёде дорад ва фақат дар сурати ба эътибор гирифтани тарҳи дурусти ташаккули тафаккури миллӣ (менталитет) дар шаҳрвандон ба истиқлолу пешрафту манофеи миллӣ хидмат хоҳад кард.

TJ
26 Aug 2026

35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд

Submitted by Admin
464

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ мазмуну муҳтавои тоза касб намуд. Бо такмили сохтори идоракунӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир, ҷалби олимони ҷавон ва густариши ҳамкории байналмилалӣ барои рушди самтҳои афзалиятноки илм шароити мусоид муҳайё гардид.

TJ
25 Aug 2026

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Submitted by Admin
648

Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале танҳо баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон дар ҳақиқат забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.

TJ
25 Aug 2026

«ШОҲНОМА»-И ҲАКИМ АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗА

Submitted by Admin
563

«Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (940-1020) ҳамосаи бузургтарини таърихӣ ва шоҳасари ҷаҳонист, ки дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ эҷод гардида, дар радифи асарҳои ҷаҳоншумул қарор дорад. Ин шоҳасар таърихи чандҳазорсолаи мардуми ориёинажоду форсизабонро аз даврони ҳукмронии Пешдодиён то Каёниён ва Ашкониёну Сосониён (аз Каюмарс то Яздигурди III, яъне аз замонҳои қадим то асри VII) дар бар мегирад.

TJ

Pages

ЁДИ РАФТАГОН

Pages

МАҚОЛАҲО

КОНФЕРЕНСИЯ ВА СЕМИНАР