Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
29 Sep 2025

ВОЖАҲОИ ВАРОРӮДӢ ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И МАВЛОНО БАЛХӢ

Submitted by Admin
1330

Сарзамини паҳновар ва бостонии ориёии мо бо фарҳанг ва тамаддуни пешрафта ва бо мардону номоварони худ дар арсаи забон, илму фарҳанг ва ирфону маънавият дар дунё маълум ва машҳур аст. Фақат номбар кардани шахсиятҳои маъруфи он дар арсаи сиёсату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, илму маориф ва дину диншиносӣ ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд.

TJ
22 Sep 2025

РӮДАКИШИНОСӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Submitted by Admin
1602

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ шуруъ аз замони худи ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо омӯхта, таърифу тавсиф шудааст. То имрӯз шуълаи оташи муҳаббати ихлосмандону алоқамандони шеъри Устод Рӯдакӣ фурӯзон аст, аз ҷумла машъалбардорони рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон дар масири қадимии сунани шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ гомҳои устуворе мениҳанд.

TJ
19 Sep 2025

Рӯдакӣ - падари шеъри форсии тоҷикӣ

Submitted by Admin
2121

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдурраҳмон ибни Одам мутахаллис ба Рӯдакӣ асосгузори адабиёти тоҷик мебошад. Муосиронаш ӯро бо унвонҳои ифтихории қофиласолори назми форс, соҳибқирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоирон ва одамушшуаро ном бурдаанд.

TJ
18 Sep 2025

МУҚОИСАИ ЯК ҚАСИДАИ УСТОД ШАҲРЁР БО ЯК ҚАСИДАИ УСТОД РӮДАКӢ

Submitted by Admin
1079

Аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ду қасидаи комил то замони мо расидааст, ки яке «Қасидаи пирӣ» ва дигаре «Модари май» ном дорад. Устод Муҳаммадҳусайни Шаҳрёр дар пайравии «Қасидаи пирӣ»-и Одамушшуаро Рӯдакӣ қасидае дорад бо номи «Рӯдакӣ», ки дар он муҳаббати самимии худро ба Устоди шоирон ва шеъру адаби форсӣ баён кардааст. Агарчи қасидаҳои мавриди баррасии мо дар вазнҳои гуногун (аввалӣ дар баҳри муҷтас ва дувумӣ дар баҳри хафиф) суруда шудаанд, қофияву радифи ягона доранд, қофия «-он» ва радиф «буд».

Қасидаи устод Рӯдакӣ 34 байт дорад ва бо байти зер оғоз мешавад:

TJ

Pages

ЁДИ РАФТАГОН

Pages

МАҚОЛАҲО

КОНФЕРЕНСИЯ ВА СЕМИНАР