31 Jul 2026
Submitted by Admin
28
АҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИСТИҚРОР ВА ТАҲКИМИ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА БОЗТОБИ ОН ДАР ОСОРИ АДИБОН
 
Надонам, кадомин сухан гӯямат,
Ки волотарӣ, з-он чӣ ман гӯямат.
                                           Саъдӣ
 

Бояд донист, ки аз соли 1917 тамоми ҷаҳон бо Русия ва Шуравӣ меҷангад, аммо бо тоҷикону форсҳо (эронинажодон) аз замони Маҳмуд то имрӯз. Воқеан, Горбачев, Елсин бо баҳонаи бозсозӣ Шӯравиро барҳам заданд. Кишварҳои пасошӯравӣ истиқлол пайдо карданд. Тоҷикистон низ ба озодӣ расид, аммо неруҳои аксулозодӣ, аксулинқилоб, аксулистиқлол, дар муқобили руҳи миллӣ, неруҳои солим, дунёгаро қарор гирифтанд ва барои сохтмони давлати динӣ, аморат, хилофат камари ҳиммат бастанд. Бархе аз аҳли қалам, зиёиёни оқибатноандеш ва аввалабину эҳсосӣ ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷа, ҷанги шаҳрвандиро доман заданд.

Хушбахтона, афсуни идеологияи бегона тоҷикони Осиёи Миёнаро натавонист аз роҳи дуруст бероҳа намояд, зеро марди дигаре расид, ки ниятҳои шуми бегонагонро, барҳам зад. Ин мард, албатта, Президенти имрӯзи кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки киштии дар гирдобафтодаву ғарқшудаи тоҷикро аз дарёи бало бо дасти тавонои хеш кашид ва онро аз нестшавӣ наҷот дод. Аз ин рӯ, хидмати ин мард дар наҷоти миллату кишвар аз неруҳои аҳриманӣ хеле бузург аст. Маҳз ҳамин мард буд, ки мухолифинро бар сари мизи музокира нишонд ва охируламр мо ба сулҳу ваҳдати миллӣ, яъне созишномаи умумии сулҳ, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав имзо шуд, расидем. Ба қавли яке аз аъзоёни фаъоли КОМ, устод Кароматулло Олимов, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нируҳои мухолифин марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Маскав ба имзо расида буд, ҷамъбасти мулоқоту баҳсу мунозираҳои зиёд барои ба ҳадафи ниҳоӣ – сулҳу ваҳдат ноил шудан буд. Ҳамзамон, созишномаи мазкур барои фаъолияти якҷояи ҳар ду ҷониб роҳ кушод ва механизми амалисозандаи он Комиссияи оштии миллӣ дар муддати беш аз дуним сол вазифаҳои муҳимро анҷом дод. Сулҳи тоҷикон намунаи нодири сулҳофаринӣ дар таҷрибаи байналмилалӣ буд. Он аз бадномии ҷангзадагӣ ба сулҳу оштиофаринию некномӣ овард, ҳатто намунаи ҳалли муваффақонаи низоҳои сиёсӣ ва низомӣ дар ҷаҳони муосир гардид. Дарки масъулияти олӣ барои тақдири миллату давлат буд, ки ҳар ду ҷонибро ба ҳам овард ва дар паси як миз қарор дод. Натиҷаи он имрӯз маълум аст, ки ҳаёт осудатар, ҷумҳуриамон ободтар, дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хоси худро касб менамояд. Ӯ дар ҷои дигар дар бораи аҳамияти Созишнома чунин мегӯяд: “Ҷумҳурии мо то июни соли 1997, яъне то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳолати таҳдиди хатарҳои гуманитарӣ қарор дошт. Имзои Созишнома ба халқи заҷрдида ҳамчун чароғи равшани раҳнамо ва умеди тоза гардид”

Ба андеши муаллифони китоби “Меъмори ваҳдат” – Султони Мирзошоҳ, Шодон Ҳаниф, “рӯзи аз Москва баргаштани Раиси ҷумҳур, 27 июни соли 1997, фурудгоҳи шаҳри Душанбе идона оро ёфта буд. Фавҷ – фавҷи мардуми шаҳр бо дилу дидаҳои шодоб аз хурсандӣ ва садоқат ба сарвари миллати худ ба истиқболу шодбахшии Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов омада буданд. Аз чеҳраи шукуфон, дидаҳои шараррез ва табассумҳои орифонаи Эмомалӣ Раҳмонов нур меборид. Гӯё имрӯз офтоб дар вусъати осмони миноии шаҳри Душанбе пурнуртар медурахшид. Он рӯз мардум аз Пешвои худ нур ва сафоро ҳадя гирифта буд! Нури зиёбахши Сулҳ дар дилу дидаи мардум таҷаллӣ мезад. Ва он лаҳзаҳо ин байти Лоиқ вирди забонҳо буд:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги шармандавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад”.

Маълум аст, ки баъд аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва хусусан имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар соли 1997 обрӯю эътибори сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзудан гирифт. Чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ба фаъолияти ӯ баҳои баланд ва арзанда медоданд. Хусусан, адибон дар ашъори худ ӯро баҳри хидматҳои бузургаш барои миллат ва кишвар ҳамду сано мегуфтанд. Агар мо ҳамаи он шеърҳое, ки адибон ба шахсият ва фаъолияти Президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон бахшидаанд, ҷамъоварӣ ва тадқиқ намоем, дар чандин рисола намеғунҷанд. Лиҳозо, мо ба баррасии бархе аз он шеърҳо дар осори шоирон дар ин замина иктифо менамоем.

Устод Аскар Ҳаким яке аз ҳамин гуна адибонест, ки дар шеъри “Номаи фахру сипос” (Ба асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон), ки дар шакли маснавӣ навиштааст, аз “азми побарҷо”-ю “ҷасоратҳои беҳамто”-и сарвари кишвар бо эҳсоси баланд, бо ифтихори вижа изҳори ташаккур мекунад. Ӯ дар ин шеър аз хидматҳои камсобиқаи ин марди сиёсиву иҷтимоиву фарҳангию ахлоқӣ, ки истиқлоли миллии моро ҷон дар каф ҳимоя ва таъмин намуд, хусусан аз фарҳангпарварӣ, нангу номус, ватандорию ватандӯстӣ, кишвардорию миллатсозӣ ва ҳимматбаландию меҳрубониҳову дастгириҳояш аз аҳли илм, аз ҷумла худи шоир, ки ҳангоми ба сактаи дил гирифтор шуданаш барояш карда буд, ёдовар шуда, худро дар назди ӯ қарздор ҳисоб мекунад ва ин шеърро ҳамчун номаи сипос ба ӯ ҳадя менамояд:

Шоҳи шоҳон кам набуд дар рӯзгор,

Шоҳи инсон буд, аммо камшумор...

Ман нагуфтам ҳеҷ гоҳе мадҳи паст,

Ҳар чӣ гуфтам, фахри шоир будааст...

Гуфтӣ: “Ин таъриху фарҳанги туст,

Ҳеҷ медонӣ, ки сад ман санги туст...”

Баъд аз ин донистамат ҷону ҷигар,

Чун туӣ, дидам, Ватанро чорагар...

Устод Мирзо Файзалӣ аз шоирони дигари Президентситой аст, ки ашъори зиёд ва хуб дар ин замина гуфтааст. Хусусан шеъри “Марди Худо”-и ӯ аз ҳар лиҳоз ҷолиб мебошад. Ӯ дар ин шеъраш, ки 10 бандро фаро мегирад, аз фоҷиаи кишвар, мушкилот, парешонӣ, хорию зорӣ, яъсу навмедӣ, нокомию номуродӣ, оҳу нолаи миллат ва билохира ба доди онҳо расидани ин марди Худо–Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона қисса менамояд ва мардумро ба шукрона кардан фаро мехонад:

Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,

Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард,

Ҳама умр эътирофи хизматаш мардона бояд кард,

Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард,

Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,

Ватан обод бо ин раҳбари фарзона бояд кард.

Ӯ ба ҳамин мазмун дар ҷои дигар чунин мегӯяд:

Вақте ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд,

Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд,

Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,

Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд,

Ту омадӣ ба майдон, эй пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Низом Қосим низ дар ҳамин радиф ашъори пурмуҳтавое сурудааст. Мо ҳоло барои тасдиқи иддаои худ шеъри “Эмомалӣ Раҳмон”-ро, ки аз 8 банд иборат аст, ба хониш мегирем, то ӯро дар силки шоирони сарварсарои тоҷик бубинем:

Бишуд чун ҳоли кишвар танг, бо рӯи кушод омад,

Барои родмардиро намудан марди род омад,

Зи хуршеди нигоҳаш абри навмедӣ бабод омад,

Зи сомон ҷустанаш сомони Сомонӣ ба ёд омад...

Ҷавонмардона барпо хест ӯву азми майдон кард,

Алайҳи нохудогоҳии халқи хеш исён кард,

Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард,

Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард...

Ӯ дар шеъри “Наврӯзи Данғара”, тавассути санъати талмеҳ, ба Пешвои миллат унвони “Рустами Дастони Данғара”-ро арзонӣ медорад, ки, барҳақ, унвони барозанда аст бар ин наҷотбахши миллату кишвар:

Наврӯз мерасад зи гулафшони Данғара,

Гулзори ваҳдат аст гулистони Данғара...

Эй дашти дилвасеъ, бубин бо дили васеъ,

Нангу ғурури Восеъи Хатлони Данғара...

“Шаҳнома” оваред, ки гӯяд ҳакимвор

Аз нангу ори Рустами Дастони Данғара.

Хайрандеш аз дигар шоирони мумтози мост, ки дар ашъораш аз хидматҳои бузурги пешвои миллат барои халқу кишвар, ба вижа таъмину таҳкими ваҳдати миллӣ, суханони дархури аҳамият, барозанда ва ибратбахш гуфтааст. Аммо мо танҳо аз шеъри “Тоҷиксолор”-и ӯ чанд пораро бармегузинему бас. Аз ҳамин чанд пора низ маълум мешавад, ки Хайрандеш шоири хайрхоҳ аст ва ба хайр аз ҷонбозиҳои Пешвои миллат ёд менамояд:

Эмомалиё, ба амри Ҳақ бархостӣ,

Ориёиёна оламе оростӣ.

Неку гӯяд Абдулмаҷиди Достӣ:

Истораи ғолибӣ, фуруғи ростӣ...

Эмомалиё, Исмоили Сомонӣ

Девори Бухорост, фараш Яздонӣ.

Девори бузурги тоҷикони дунё

Имрӯз туӣ бад-ин баландирфонӣ.

Мусаллам аст, ки дар Тоҷикистон ба сохтмони Ноб-и Роғон маҳз дар замони истиқлол ва бо саъю кушиши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғозиданд. Дар сохтмони он Президенти кишвар на танҳо саҳми фаъол гирифт, балки “худ савори булдозери вазнин, аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо яку ним соат, ба пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди неругоҳ ҳусни оғоз бахшид. Ин манзараро шоири маъруфи тоҷик – Бозор Собир, ки дар он ҷо ҳузур дошт, чунин шоирона ба қалам дод:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,

Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.

Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

Ноб-и Роғон, ба қавли устод Бозор, “воқеаи бузурги таърихист, ки дар пеши ҳафт ҳазор тамошобин ва дар шоҳидии қариб сад сафири хориҷӣ ва меҳмонон ба воситаи беҳтарин ва мудернтарин мошинҳову техникаи замонавӣ ин кор анҷом дода шуд”.

Албатта, ин гуфтори ягонаи устод Бозор Собир нест, ки дар мавриди корномаҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфта, ки мо онҳоро ба хониш гирифтем. Дар ин замина овардани шеъри машҳури дигари ӯ ба номи “Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро” айни муддаост:

Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро

Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон.

Ҳамчу дасту панҷаи шахшули деҳқонбаччаи қишлоқ

Аз каланду досу мисрон.

Бо садои гармат одат кардаем

Ҳамчу бо зангулаи давлат.

Ҳамчу бо зангулаи ваҳдат,

Ҳамчу бо зангулаи мактаб.

Ин намунаро низ аз ситоишномаҳои устод Бозор дар ҳаққи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сурати шоҳбайт аз қаламаш таровидааст ва “Соядасте ба Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” унвон дорад, тақдими хонандагон мекунем:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.

Муҳтарам Ҳотам, ки шоири донишманд ва донишманди шоир аст, дар ватансароӣ, ваҳдатгароӣ ва васфи истиқлолу Президенти кишвар Эмомалӣ мумтоз мебошад. Гувоҳи ин шеърҳои “Истиқлол”, “Меҳан”, “Шоири ватанпарвар”, “Тоҷикистони гулистон”, “Абармарди даврон”, “Ватан, эй Ватан!”, “Бод истиқлол поянда”, “Инқилоби истиқлол”, “Соли оила”мебошанд, ки маҳз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд ва дар замони истиқлол эҷод гардидаанд. Дар ҳақиқат, “ин ҳама ватанпарварию ватанситоии шоир аз файзи истиқлол мебошад, ки бо мушкилоти зиёд насибамон гаштааст, зеро гумроҳону бадхоҳони миллат, неруҳои иртиҷоиву ифротию радикал, аморатхоҳону хилофатгароён, бо як сухан, душманони дохилию хориҷӣ дар оғози истиқлолият миллатро ба гирдоби ҷанги бародаркуш тела доданд ва истиқлолияти баъд аз ҳазор сол ба дастомадаи моро зери хатар гузоштанд. Хавфи аз даст рафтани давлату миллат ба миён омада буд. Хушбахтона, дар ҳамин вазъияти буҳрони сиёсӣ абармарде ба майдони сиёсат ворид шуд ва давлати тоза ба истиқлолрасидаи моро аз маҳвшавӣ наҷот дод. Ин мардӣ ҷасуру далер ва доною тавоно Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо маҳорату истеъдоди фавқулодаи худ миллатро аз чанголи марг раҳоӣ бахшид. Ҳамин хидмати бузурги Пешвои Миллат, Қаҳрамони Тоҷикистонро Муҳтарам Ҳотам дар шеъри “Эҳё” хеле воқеӣ ва моҳирона ба қалам додааст, то ҳамватанон бихонанд ва бидонанд, ки истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Лиҳозо, онро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд кард, ҳушёриву ҳассосият зоҳир намуд, то бадхоҳони сулҳу истиқлолият ва ваҳдати миллӣ онро халалдор нанамоянд:

Душмани дерина чун бо кинаи оҳарманӣ

Дар замини синаҳо афканд тухми душманӣ,

Ашкҳо борон шуданду ҷуйҳо пурхун шуданд,

Мардумон аз хонаву аз марзу бум берун шуданд.

Халқи мову кишвари мо шуд гирифтори хатар,

Халқ буд дар интизори чорасозу чорагар.

Родмарде роҳбари давлат шуд андар анҷуман

Шуд умеди қалбҳои ноумеди марду зан.

Сулҳ ман баҳри шумо меоварам! – пайғом дод,

Рӯзгори тозае меофарам! – пайғом дод.

Кишвари моро раҳо бинмуд аз коми хатар,

Шуд умеди халқи мову дарди ӯро чорагар

Оштиву сулҳро эҳё намуд, эҳдо намуд,

Парчами номуси миллатро зи нав боло намуд.

Воқеан, ин шеъри шоир мисли як кинофилм аст, ки фоҷеаи миллатро ба гунаи иҷмол, аммо хеле дақиқу амиқ дар пеши чашми мо ҷилвагар месозад ва хидмати бузургу таърихии Пешвои миллат, ки ҷавонмардона ба ваъдааш вафо кардааст, таъкид менамояд ва ба намоиш мегузорад. Ҳақиқатан ҳам Пешвои Миллат ба мардум на танҳо сулҳу ваҳдатро ба армуғон оварду рӯзгори тоза офарид, балки миллатро ба шоҳроҳи васеи ифтихору худшиносии миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ равона сохт. Натиҷаи ҳамин сиёсати дурандешонааш буд, ки миллат дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои бузургу боварнокарданӣ ноил гардид”.

Дар ин ҷо аз ватанномаҳои Беҳрӯзи Забеҳулло низ набояд фурӯгузор кард, зеро ӯ низ дар ин қаламрав сухантирози чирадаст аст ва намунаҳои зиёд дар мавзӯи истиқлол ва васфи Президент дар осораш ба дида мерасад. Бинобар ин, мо аз ситоишномаҳои ӯ танҳо як шеърро интихоб менамоем, ки “Эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” ном дорад ва дархури мавзӯи мост.

Эй хайрхоҳи халқи Худо, меситоямат,

Ҳар дам кушода дасти дуъо меситоямат.

Дар дасти туст парчами озодиву зафар,

Фармонравои дидадаро меситоямат.

Таърихи мо ба номи ту пайванд хӯрдааст,

Таърихсози фосилаҳо, меситоямат.

Эй раҳнамову раҳбари маҳбуби тоҷикон,

Шоистаӣ ба мадҳу сано, меситоямат.

Ногуфта намонад, ки қариб тамоми шоирони мо ваҳдати миллӣ ва меъмори он - Эмомалӣ Раҳмонро дар осорашон васф кардаанд. Шоироне чун Салимшо Ҳалимшо, Гулназар, Камол Насрулло, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Раҳмат Назрӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Назри Яздонӣ, Давлат Сафар, Ворис, Нуруллоҳи Ориф, Алимуҳаммад Муродӣ, Парда Ҳабиб, Сайёд Ғаффор, Шаҳрия, Муфаззали Аҷамрод, Муродалӣ Собир, Сафар Амирхон ва дигарон, ки мо маҷоли аз ҳамаи онҳо мисол оварданро дар даст надорем. Аз ин рӯ, сухани худро ба баҳои баланде, ки устод Бозор Собир ба пешвои миллат дар як навиштааш додааст, ба поён мебарем, ки гуфта: “Ризошоҳ Паҳлавӣ шахсияте буд, ки пас аз 1100 сол ба даст омад. Ӯ буд, ки дар пешгоҳи оромгоҳи Куруши Кабир зону зада гуфт: - Куруши бузург, хоби абад хуш бод, ки мо бедорем! Ӯ буд, ки муҷассамаи азими Буалиро ниҳод. Ӯ буд, ки бар пештоқи оромгоҳи Фирдавсӣ бо хати худ навишт: - Бузургшоиро, узр мепурсам, ки бештар аз ин натавонистам. Ӯ буд, ки ҳамаи осори қадимаро ҷилд-ҷилд нашр намуд. Ӯ буд, ки ба унвони вожаҳои форсӣ созмоне таъсис дод... Алғараз, Эрони асилро аз зери хокистару мурдареги ҳазорсола берун овард. Инак, дар паҳлуи ӯ танҳо ва танҳо Президенти муҳтарами мо, Эмомалӣ Раҳмонро метавон дид. Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кӯчаву хиёбону мактаб набошад. Аз мазори Камоли Хуҷандӣ мушти хоке оварда, ба бузургдошти ӯ мақбара ва боғу музей бунёд намуд. Бинои китобхонаи миллии мо дар минтақа ягона аст. Ҳамчунин Қасри миллат, Кохи Наврӯз ва садҳо иншооти бузургро анҷом дод. Аз ҷумла шоҳроҳу нақбу неругоҳи барқи оби Роғунро, ки Республикаро комилан саноатӣ хоҳад кард. Барои ӯ ҳеҷ масъала ҷузъӣ нест. Масалан, маъракаҳои маъмулӣ, либоси мактабӣ, либоси донишҷӯӣ ва ҳоказо. Ва ниҳояти ин ҳама бозсозиаш ваҳдати миллист. Тоҷикистони навин, ба ҳар сӯе, ки нигарӣ, ба ӯ тааллуқ дорад, ҳамчун Эрони Ризошоҳ Паҳлавӣ. Ин шахсиятҳои фавқулода падарони миллатанд”. –Оре, дуруст мегӯяд, онҳо “падарони миллатанд”. Ба қавли шоир:

Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Ҷамолиддин Саидзода, н.и.п., ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосри Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО