پیغام خطا

Notice: Undefined variable: layout_width در include() (خط 18 از /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
03 Nov 2026
Submitted by Admin
23

(бахшида ба 70-солагии доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назарзода Сайфиддин)

Забон яке аз муҳимтарин дастовардҳои маънавии инсон ва омили асосии ташаккули ҳувияти миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва интиқоли арзишҳои фарҳангӣ аз насл ба насл мебошад. Ҳар як миллат тавассути забони худ таҷрибаи таърихӣ, ҷаҳонбинӣ, низоми арзишҳо ва дастовардҳои илмию фарҳангиашро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда интиқол медиҳад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи забон, муайян кардани қонунмандиҳои инкишофи он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдааш аз вазифаҳои муҳимтарини илми забоншиносии муосир ба шумор меравад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи омӯзиш, ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ аҳаммияти хосса пайдо кардааст. Мақоми давлатӣ гирифтани забон барои густариши истифодаи он дар соҳаҳои идоракунӣ, маориф, илм, фарҳанг ва муносибатҳои ҷамъиятӣ имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар баробари ин, зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба такмили меъёрҳои забони адабӣ, таҳияи истилоҳоти илмӣ, такмили фарҳангномаҳои забоншиносӣ ва истифодаи забони тоҷикӣ дар муҳити фановарии иттилоотӣ ва рақамӣ боз ҳам бештар гардид.

Маҳз дар чунин шароит омӯзиши масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик ва арҷгузорӣ ба фаъолияти олимоне, ки дар ин самт саҳми арзанда гузоштаанд, аҳаммияти махсус дорад. Ба ин робита, баррасии масъалаҳои муҳими рушди забон ва истилоҳот дар партави фаъолияти илмии доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назарзода Сайфиддин, ки аз муҳаққиқони шинохтаи таърихи забони тоҷикӣ, истилоҳот ва фарҳангнигории миллӣ мебошад, қобили таваҷҷуҳ аст.

Яке аз масъалаҳои бунёдии забоншиносии мусири тоҷик омӯзиши таърихи ташаккул ва инкишофи забони миллӣ мебошад. Бе донистани таърихи забон муайян кардани хусусиятҳои сохторӣ, сарчашмаҳои луғавӣ, роҳҳои ташаккули меъёрҳои адабӣ ва қонуниятҳои тағйирёбии он имконнопазир аст.

Таърихи забони тоҷикӣ бо таърихи забонҳои эронӣ робитаи ногусастанӣ дошта, омӯзиши он баррасии сарчашмаҳои хаттӣ, таҳлили осори давраҳои гуногун ва муқоисаи хусусиятҳои забониро талаб мекунад. Дар ин раванд омӯзиши забонҳои эронии бостон ва миёна, аз ҷумла, забонҳои авестоӣ, форсии бостон, бохтарӣ ва суғдӣ, инчунин таҳқиқи робитаҳои таърихию забонии онҳо барои равшан кардани бисёр масъалаҳои пайдоиш ва инкишофи забони тоҷикӣ аҳаммияти илмӣ дорад.

Забони тоҷикӣ дар давраи Сомониён, бахусус, дар асрҳои IX–X, ба марҳалаи муҳимми рушди забони адабӣ ворид гардид. Ин давра бо густариши адабиёт, ташаккули насри илмӣ ва бадеӣ ва афзоиши нуфузи забони тоҷикии дарӣ дар муҳити фарҳангӣ алоқаманд мебошад. Осори адабӣ ва илмии ин давра барои таҳқиқу омӯзиши таърихи забон ва муайян кардани хусусиятҳои меъёрии он сарчашмаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, таҳқиқоти профессор Назарзода Сайфиддин аҳаммияти махсус доранд. Асари ӯ «Пажуҳише дар таърихи забони тоҷикӣ», ки соли 2021 ба табъ расидааст, масъалаҳои таърихи забонҳои эронӣ, муносибати мафҳумҳои «тоҷик» ва «забони тоҷикӣ», ташаккули забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ва рушди он дар замони соҳибистиқлолиро фаро мегирад. Инчунин, маҷмуаи «Густариши таърихии забони тоҷикӣ» фарогири масъалаҳои таърихи забон, сиёсати забонӣ ва рушди истилоҳоти милли дар даврони сиоҳибистиқлолии кишвар мебошад [1; 2].

Аҳаммияти чунин пажуҳишҳои илмӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо барои дарки амиқи равандҳои таърихии забон, муайян ва муқаррар намудани робитаи давраҳои гуногуни рушду инкишофи он ва тақвияти пояҳои илмии забоншиносии тоҷик мусоидат мекунанд.

Дар айни замон, омӯзиши таърихи забон бояд бо таҳқиқу бозбинии нави сарчашмаҳои хаттӣ, истифодаи усулҳои муқоисавию таърихӣ ва ҷалби дастовардҳои забоншиносии муосир тақвият дода шавад. Таҳияи феҳристҳои электронии осори хаттӣ, рақамикунонии дастнависҳо ва омода намудани пойгоҳҳои маълумоти забонӣ метавонанд имкониятҳои нави пажуҳиширо фароҳам оваранд.

Масъалаи дигаре, ки дар забоншиносии муосири тоҷик мавқеи муҳим дорад, муайян кардан ва такмили меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони адабӣ ҳамчун шакли меъёрбандишудаи забони миллӣ дар соҳаҳои маориф, илм, идоракунӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои расмӣ истифода мешавад. Аз ин рӯ, устувории меъёрҳои он барои таъмини фаҳмиши дурусти матнҳо ва баланд бардоштани фарҳанги муошират аҳаммияти калон дорад.

Меъёрҳои забони адабӣ дар асоси анъанаҳои таърихӣ, хусусиятҳои сохтории забон, таҷрибаи истифодаи ҷамъиятӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ташаккул меёбанд. Онҳо хусусияти нисбатан устувор дошта бошанд ҳам, дар ҷараёни рушду инкишофи ҷомеа метавонанд тағйир ёбанд. Аз ин рӯ, вазифаи забоншиносон танҳо ҳифзи меъёрҳои мавҷуда нест, балки омӯзиши равандҳои нави забонӣ ва муайян кардани роҳҳои мувофиқи такмили он низ мебошад.

Дар шароити муосир масъалаҳои имло, аломатгузорӣ, интихоби шаклҳои дурусти калимаҳо, истифодаи қолабҳои наҳвӣ ва риояи услуби расмии забон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми амалии забоншиносии тоҷик мебошанд. Дар матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ҳатто баъзе матнҳои таълимӣ ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки ба меъёрҳои қабулшудаи забони адабӣ пурра мувофиқат намекунанд.

Барои ҳалли ин масъалаҳо таҳияи дастурҳои мукаммали имлоӣ, фарҳангҳои тафсирӣ ва имлоӣ, роҳнамоҳои услубӣ ва тавсияҳои илмӣ зарур аст. Ҳамчунин, бояд робитаи муассир байни забоншиносон, омӯзгорон, муҳаррирон, рӯзноманигорон ва кормандони мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад.

Дар ин самт андешаҳои илмии профессор Назарзода Сайфиддин оид ба меъёрбандии забон, масъалаҳои имло ва зарурати такмили дастурнависии тоҷикӣ аҳаммияти назариявию амалӣ доранд. Дар мақолаҳо ва пажуҳишҳои ӯ масъалаи рушди меъёрҳои забони тоҷикӣ бо ниёзҳои ҷомеаи муосир пайванд мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтаанд [3; 4].

Муҳим он аст, ки такмили меъёрҳои забони адабӣ бар асоси таҳқиқоти илмӣ ва хусусиятҳои дохилии худи забон сурат гирад. Ҳамзамон, бояд таҷрибаи мусбати дигар забонҳо ба назар гирифта шавад, то забони тоҷикӣ тавонад ниёзҳои афзояндаи ҷомеаи муосирро қонеъ карда тавонад.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини забоншиносии муосири тоҷик ташаккул, танзим ва такмили истилоҳоти илмӣ мебошад. Бо пешрафти илм, техника, иқтисод, тиб, ҳуқуқ ва фановарии иттилоотӣ ва рақамӣ мафҳумҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки барои ифодаи онҳо воситаҳои мувофиқи забонӣ зарур мебошанд.

Истилоҳот қисми муҳими низоми луғавии забон буда, бояд дақиқ, равшан, мухтасар ва аз ҷиҳати маъно устувор бошад. Агар як мафҳуми илмӣ бо чанд истилоҳи гуногун ифода шавад ё истилоҳҳо бе назардошти хусусиятҳои забон ворид карда шаванд, дар муоширати илмӣ ва таълимӣ нофаҳмиҳо ба миён меоянд.

Забони тоҷикӣ дорои имкониятҳои фаровони калимасозӣ мебошад. Истифодаи пешванду пасвандҳо, калимаҳои мураккаб, таркибҳои устувор ва имкониятҳои маъноии вожаҳои мавҷуда метавонад дар ташаккули истилоҳоти нав нақши муассир дошта бошад. Ҳамзамон, истифодаи истилоҳоти байналмилалӣ дар ҳолатҳое, ки онҳо дар муҳити илмӣ пазируфта шудаанд ё муодили муносиб надоранд, низ метавонад зарур бошад. Муҳим он аст, ки интихоби истилоҳ ба талаботи дақиқии илмӣ ва қонунмандиҳои забони тоҷикӣ мувофиқат кунад.

Дар ин замина, масъалаи таносуби истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ, интихоби муодилҳои мувофиқ, ягонагии шаклҳои истилоҳӣ ва таҳияи фарҳангҳои соҳавӣ ва ҳамгунсозии онҳо дар доираи ҳавзаи форсизабонон аҳаммияти бориз пайдо мекунад. Барои ҳалли онҳо зарур аст, ки комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории соҳавӣ бо иштироки забоншиносон, мутахассисони соҳа ва тарҷумонҳои касбӣ фаъолият намоянд.

Дар ин самт профессор Назарзода Сайфиддин бобати таҳқиқи масъалаҳои истилоҳшиносӣ ва таърихи ташаккули истилоҳоти иҷтимоию сиёсӣ саҳми назаррас гузоштааст. Асарҳои ӯ, аз ҷумла «Забон ва истилоҳот», «Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи XX» ва «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гаройиш ва дурнамо» масъалаҳои рушди низоми истилоҳоти тоҷикӣ ва равандҳои таърихии онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд [4; 5].

Таҳқиқи ин масъалаҳо нишон медиҳад, ки рушди истилоҳот бояд раванди пайваста ва илмӣ бошад. Ҳар як истилоҳи нав пеш аз ворид шудан ба истифодаи васеъ бояд аз ҷиҳати маъно, сохтор, мувофиқат ба низоми забон ва имкони истифода дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ гардад.

Фарҳангнигорӣ яке аз бахшҳои муҳими забоншиносӣ буда, дар ҷамъоварӣ, тавсиф, танзим ва ҳифзи захираи луғавии забон нақши сазовор мебозад. Фарҳангҳои тафсирӣ, имлоӣ, дузабона, истилоҳӣ ва таърихӣ барои муайян кардани маънои калимаҳо, омӯзиши таркиби луғавӣ ва баланд бардоштани савияи забондонии ҷомеа мусоидат мекунанд.

Дар шароити рушди босуръати ҷомеа талабот ба фарҳангҳои мукаммал ва замонавӣ бештар мегардад. Тағйироти иҷтимоӣ, пайдоиши мафҳумҳои нав ва густариши робитаҳои байналмилалӣ зарурати пайваста нав кардани фарҳангҳои забониро ба миён меоранд. Фарҳангнигории муосир бояд на танҳо вожаҳои маъмулиро фаро гирад, балки истилоҳоти илмӣ, воҳидҳои нави луғавӣ, маъноҳои нав ва намунаҳои истифодаи калимаҳоро низ дар бар гирад.

Дар рушди фарҳангнигории тоҷик саҳми олимони соҳа, аз ҷумла профессор Назарзода Сайфиддин, қобили зикр аст. Ӯ дар таҳия ва таҳрир ва нашри фарҳангҳои забонӣ, аз ҷумла «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» иштирок намудааст [5; 6]. Ин гуна корҳо барои ҷамъоварӣ ва ба низом даровардани захираи луғавии забон ва фароҳам овардани заминаи боэътимоди истифодаи меъёрии калимаҳо мусоидат мекунанд.

Дар оянда рушди фарҳангнигории тоҷик бояд бо истифодаи имкониятҳои фановарии рақамӣ пайваст карда шавад. Таҳияи фарҳангҳои электронии ҷустуҷӯшаванда, пойгоҳҳои истилоҳот, фарҳангҳои таърихӣ ва манбаъҳои кушодаи забонӣ дастрасии ҷомеаро ба маълумоти илмӣ осон мегардонад.

Ҷаҳони муосир бо рушди технологияҳои иттилоотӣ, густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ва афзоиши мубодилаи байналмилалии маълумот тавсиф мешавад. Ин равандҳо барои забони тоҷикӣ ҳам имкониятҳои нав ва ҳам мушкилоти муайян ба вуҷуд овардаанд.

Аз як тараф, муҳити рақамӣ барои паҳн намудани китобҳои электронӣ, осори илмӣ, фарҳангҳо, маводди таълимӣ ва дигар захираҳои забонӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Аз тарафи дигар, истифодаи номуназзами имло, омехтани шаклҳои гуногуни навишт, зиёд шудани калимаҳои бегонаи нолозим ва камбуди захираҳои рақамии босифат метавонанд ба истифодаи меъёрии забон таъсир расонанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими забоншиносии муосири тоҷик таҳияи захираҳои электронии забон мебошад. Пайкараи забонӣ, ки маҷмуаи калони матнҳои рақамишуда ва аз ҷиҳати илмӣ коркардшударо дар бар мегирад, барои омӯзиши басомади калимаҳо, таҳлили вижагиҳои дастурӣ, таҳқиқи тағйироти луғавӣ ва таҳияи воситаҳои худкори коркарди забон аҳаммияти калон дорад.

Дар баробари ин, рушди барномаҳои санҷиши имло, луғатҳои электронии муосир, системаҳои шинохти нутқ, тарҷумаи мошинӣ ва воситаҳои таҳлили матн барои баланд бардоштани мавқеи забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ мусоидат мекунанд. Барои татбиқи ин ҳадафҳо ҳамкории забоншиносон, барномасозон, муҳандисони маълумот ва муассисаҳои илмӣ зарур мебошад.

Масъалаи дигар ба истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма алоқаманд аст. Забони ин муҳитҳо аксаран хусусиятҳои гуфтугӯӣ ва мухтасарбаёнӣ дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки фарҳанги навишторӣ баланд бардошта шуда, меъёрҳои забони адабӣ дар муоширати расмӣ ва иттилоотии рақамӣ риоя гарданд.

Рушди забони тоҷикӣ дар муҳити рақамӣ танҳо вазифаи мутахассисони технология нест. Ин масъала ба сиёсати забонӣ, маориф, фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва муносибати худи ҷомеа ба забони модарӣ низ вобаста мебошад.

Лаҳҷаҳо ва гӯйишҳои маҳаллӣ қисми муҳими мероси забонии халқ ба ҳисоб мераванд. Онҳо хусусиятҳои таърихӣ, луғавӣ, овозӣ ва грамматикии забонро ҳифз намуда, барои омӯзиши пайдоиш ва инкишофи воҳидҳои гуногуни забонӣ маводи арзишманд фароҳам меоранд.

Омӯзиши лаҳҷаҳои тоҷикӣ барои равшан кардани робитаи байни забони адабӣ ва шаклҳои маҳаллии забон, муайян кардани вижагиҳои таърихии вожаҳо ва ҷамъоварии унсурҳои камистифода аҳаммияти калон дорад. Бисёре аз калимаҳо ва таркибҳое, ки дар забони адабӣ камтар истифода мешаванд, дар гуфтори мардум метавонанд то имрӯз боқӣ монда бошанд.

Дар шароити тағйирёбии иҷтимоӣ ва густариши воситаҳои муосири муошират баъзе хусусиятҳои маҳаллии забон зери таъсири забони адабӣ ва дигар равандҳои иҷтимоӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ҷамъоварӣ ва сабти маводи лаҳҷавӣ, таҳияи луғатҳои гӯйишӣ ва сабти намунаҳои нутқи шифоҳӣ аз вазифаҳои муҳими забоншиносон мебошанд.

Дар ин раванд истифодаи воситаҳои рақамӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Сабти аудиоӣ ва видеоии гуфтори сокинони минтақаҳои гуногун, таҳияи харитаҳои забонӣ ва таъсиси бойгонии электронии лаҳҷаҳо метавонанд барои наслҳои ояндаи муҳаққиқон манбаи муҳим бошанд.

Ҳамзамон, зарур аст, ки муносибати забони адабӣ ва лаҳҷаҳо дуруст дарк карда шавад. Забони адабӣ воситаи умумии муоширати хаттӣ ва расмӣ буда, лаҳҷаҳо бошанд, сарчашмаи ғании маълумоти таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Омӯзиши илмии онҳо метавонад барои ғанӣ гардонидани захираи луғавии забон ва таҳкими робитаи забон бо фарҳанги мардум мусоидат кунад.

Яке аз шартҳои асосии рушди забони миллӣ таъмини сифати баланди таълим ва омӯзиши он мебошад. Мактаб, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ дар ташаккули малакаҳои нутқ, саводи имлоӣ ва фарҳанги забондонии насли наврас нақши муҳим доранд.

Дар шароити муосир таълими забони тоҷикӣ бояд ба азхудкунии қоидаҳои грамматикӣ маҳдуд нашавад. Омӯзандагон бояд тавонанд матнҳои илмӣ, расмӣ ва бадеиро дуруст хонанд, фикри худро равшан баён кунанд, матнҳои мустақилона эҷод намоянд ва меъёрҳои забони адабиро дар муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ риоя кунанд.

Барои расидан ба ин ҳадаф такмили китобҳои дарсӣ, таҳияи маводи таълимии муосир, истифодаи луғатҳои электронӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим зарур мебошад. Омӯзгорон низ бояд бо дастовардҳои нави забоншиносӣ шинос бошанд ва дар раванди таълим аз маводи илмии боэътимод истифода намоянд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ масъалаи омода кардани мутахассисони соҳибтахассус дар бахшҳои гуногуни забоншиносӣ, аз ҷумла забоншиносии назариявӣ, таърихӣ, муқоисавӣ, истилоҳшиносӣ, фарҳангнигорӣ ва забоншиносии компютерӣ аҳаммияти махсус дорад. Тақвияти робитаи муассисаҳои таълимӣ бо марказҳои илмӣ метавонад ба баланд шудани сифати таҳқиқот ва омода гардидани кадрҳои ҷавони илмӣ мусоидат кунад.

Ҳамчунин, бояд дар миёни ҷавонон шавқу рағбат ба таҳқиқи забон, омӯзиши осори хаттӣ, ҷамъоварии маводи лаҳҷавӣ ва таҳияи захираҳои электронии забонӣ тақвият дода шавад. Ҷалби донишҷӯён ба лоиҳаҳои илмӣ ва конференсияҳо метавонад барои ташаккули муҳаққиқони оянда заминаи муносиб фароҳам оварад.

Дар баррасии масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик зикри саҳми олимоне, ки фаъолияти худро ба омӯзиш ва рушди забони миллӣ бахшидаанд, аҳаммияти махсус дорад. Профессор Назарзода Сайфиддин аз ҷумлаи муҳаққиқоне мебошад, ки дар соҳаҳои таърихи забони тоҷикӣ, истилоҳшиносӣ, фарҳангнигорӣ ва таҳқиқи масъалаҳои меъёрии забон корҳои назаррас анҷом додааст. Мавзуъҳои таҳқиқоти ӯ масъалаҳои таърихи луғат, ташаккули истилоҳоти иҷтимоию сиёсӣ, забони адабӣ ва рушди забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихиро фаро мегиранд [5].

Ҷанбаи дигари фаъолияти илмии профессор Назарзода Сайфиддин ба масъалаҳои истилоҳшиносӣ ва фарҳангнигорӣ алоқаманд мебошад. Иштирок дар таҳияи фарҳангҳои забонӣ ва таҳқиқи ташаккули истилоҳоти иҷтимоию сиёсӣ барои танзими захираи луғавии забон ва фароҳам овардани заминаи илмии истифодаи истилоҳот мусоидат кардааст [5; 6].

Арзиши чунин фаъолияти илмӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки масъалаҳои назариявии забон бо ниёзҳои воқеии ҷомеа пайваст карда мешаванд. Омӯзиши таърихи забон, танзими истилоҳот, таҳияи фарҳангҳо ва муайян намудани роҳҳои рушди забони адабӣ соҳаҳое мебошанд, ки барои таҳкими пояҳои илмии забоншиносии тоҷик аҳаммияти бунёдӣ доранд.

Ҷашни 70-солагии профессор Назарзода Сайфиддин фурсати муносибест барои бознигарии натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, арзёбии саҳми илмӣ ва муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи забоншиносии тоҷик. Ҳамчунин, ин сана метавонад барои ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҷавон ба масъалаҳои таърихи забон, истилоҳот, фарҳангнигорӣ ва технологияҳои муосири забоншиносӣ мусоидат намояд.

Масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик доираи васеи масъалаҳои назариявӣ ва амалиро фаро мегиранд. Омӯзиши таърихи забон, такмили меъёрҳои забони адабӣ, танзими истилоҳоти илмӣ, рушди фарҳангнигорӣ, таҳқиқи лаҳҷаҳо ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини ин соҳа мебошанд.

Ҳалли масъалаҳои мазкур таҳқиқоти пайваста, ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва истифодаи усулҳои муосири пажӯҳишро талаб мекунад. Дар баробари ин, зарур аст, ки рушди забони тоҷикӣ бо ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, риояи меъёрҳои адабӣ ва қонеъ гардонидани ниёзҳои нави ҷомеа ҳамоҳанг бошад.

Фаъолияти илмии профессор Назарзода Сайфиддин дар омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ, таҳқиқи масъалаҳои истилоҳот ва саҳмгузорӣ дар фарҳангнигории миллӣ намунаи муҳими хизмат ба илми забоншиносӣ мебошад. Осори илмии ӯ барои омӯзиши масъалаҳои таърихи забон ва муайян кардани самтҳои рушди минбаъдаи забоншиносии тоҷик аҳаммияти назариявию амалӣ доранд.

Саҳми устод Назарзода Сайфиддин дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ назаррас мебошад. То ба ҳол беш аз 30 нафар муҳаққиқон зери роҳбариву роҳнамоии ӯ рисолаҳои илмии худро бомуваффақона ҳимоя кардаанд, ки аз онҳои 8 нафарашон соҳиби унвони доктори илми филология гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки мавсуф дар корҳои ҷамъиятӣ низ хеле фаъолона иштирок мекунанд. Ӯ солҳои 2010 – 2015 вакили маҷлиси намояндагони ноҳияи Шомансур ва солҳои 2016 – 2020 вакили маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе ва аз соли 2005 узви ҲХДТ ва дар солҳои гуногун узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шомансур ва шаҳри Душанбе буд.

Бахшида ба 70-солагии профессор Назарзода Сайфиддин метавон таъкид кард, ки эҳтиром ба олимони забоншинос, пеш аз ҳама, эҳтиром ба илму дониш, забони миллӣ ва арзишҳои фарҳангии миллат мебошад. Давом додани таҳқиқоти илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, таҳияи фарҳангҳои муосир ва густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа вазифаи муҳимми на танҳо забоншиносон, балки тамоми аҳли ҷомеа аст.

Китобнома:

1. Назарзода С. Пажуҳише дар таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе: Дониш, 2021. – 290 с.

2. Назарзода С. Густариши таърихии забони тоҷикӣ. – Душанбе: Дониш, 2023. – 290 с.

3. Назарзода С. Масъалаҳои мубрами дастурнависии забони тоҷикӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бахши илмҳои филологӣ). – 2020. – № 7. – С. 10–14.

4. Назарзода С. Масъалаҳои мубрами пажуҳиши забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол. – Манбаи электронӣ: Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

5. Назарзода С. Забон ва истилоҳот: андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот. – Душанбе, 2003. – 148 с.

6. Назарзода С. ва дигарон (мураттибон). Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. – Душанбе, 2008; нашри дувум, 2010.

7. Назарзода С. Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи XX. – Душанбе, 2004. – 303 с.

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». – 5 октябри соли 2009.

9. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Сайфиддин Назарзода. «Пажуҳише дар таърихи забони тоҷикӣ». Манбаи электронӣ: https://kmt.tj/sajfiddin-nazarzoda-pazhuhishe-dar-tarihi.../

10. Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Назарзода Сайфиддин: маълумоти илмӣ ва осор. Манбаи электронӣ: https://izar.tj/.../dobavit-novyy.../nazarzoda-sayfiddin

МУҲАММАДҶОНЗОДА ОЛИМҶОН ОБИДҶОН

д.и.ф., профессор, мудири шуъбаи забони тоҷикии ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

یاد رفتگان

مقالات